«Муҳаммадиқболи Садриддин» проекти худи Ятимов аст.

Интернет проект дар зери брэнди «Муҳаммадиқбол Садриддин» маро кайҳо моту мабҳут карда буд ва ҳеҷ то охир намефаҳмидам моҳияти ин проекти бардурӯғ ва ҳамзамон муваффақ чист. Гап болои гиреҳи бознашаванда буд. Аз як тараф проекте, ки машҳур шуд ва кулли мусалмонони фаъъоли Тоҷикистонро фаро гирифт. Як проекти ҳирфаӣ, пурмуҳтаво, босалиқа ва ҷаззоб. Аз тарафи дигар шахсе, ки ин проектро таҷассум мекунад: Муҳаммадиқболи Садриддин. Шахсе холӣ аз ҳар гуна чизе, ки шахсро ба шахсият табдил медиҳад: аз дониш, аз имон, аз одоб, аз харизма, аз оддитарин одоби миуошират ва калом. Шахсияте шадидан кӯчак, кӯчагӣ ва комилан пуч.

Аз аввал ин тазод таваҷҷуҳи маро ноогҳона ҷазб карда буд чун чизе буд нируманд ва иблисӣ. Фикр мекардам шояд ҳама чиз хуб бошад, шояд чизеро намедонам, аз чизе огоҳ нестам, ва умуман, ман чӣ кор дорам ба ин одамҳо, бигзор ҳар гунае, ки хостанд зиндагӣ бикунанд. Аммо ҳеҷ намешуд онро аз сарам соқит бикунам, онро нодида бигирам. Чӣ гуна метавонӣ ин чизро фаромӯш бикунӣ вақте, ки ин чеҳраи муғулӣ ва ин ҳама матолиб ва ин ҳама аксҳо ҳарӯза мечархад ва мечархад ва мечархад, гӯё дар дунё каси дигаре вуҷуд надорад ба ғайр аз ин шахс, ки Фейсбук нишон бидиҳад.

ятимов 3

Тасвираҳои шум дар зеҳни ман оҳиста оҳиста пайдо мешуданд ва маро нороҳату нороҳаттар мекарданд. Тасвираҳо рӯшантар мешуданд ва шакл мегирифтанд. Бо як раванди суст ва танбал, ки солҳоро лозим доштанд. Ҳамеша эҳсос мекардам, тасвираҳо ҳанӯз нокомил ва нопурраанд ва ҳанӯз чизе намерасад.

Ва инак, рӯзҳои ахир, намедонам, чӣ сабаб шуд, аммо ногаҳон гӯё тасвираи ниҳоие ва комилтаре дар зеҳни ман шакл гирифт. Ва маро шадидан нороҳат кард ва ба ғазаб овард. Худоё, оё?? Наход?? Не, наход?? не, ғайри мумкин аст! Мӯътақидӣ Одиназода?? Воқеъан мӯътақидӣ? Шакку шубҳа вуҷуд надорад. Не? Хайр биё бигӯ, он чӣ аст.

ВА ИНАК,ПРОЕКТИ «МИҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН»

Ин проект аз тарафи шахси дигаре роҳандозӣ карда шудааст ва мудирият карда мешавад, шахсе биёр воломақом ва бисёр ҳирфаӣ ва бисёр пухта ва бисёр ботаҷруба. Он шахс худи Муҳаммадиқболи Садриддин нест, содда нашавед ҷӯраҳо. Он шахс дар Тоҷикистон дар яке аз кабинетҳои муҳимми давлатӣ менишинад. Худи Ятимоб бошад? Бо эҳтимолояти бузург. Ё ки касе хеле наздик ба ӯ ва хеле наздик ба боло. ва бо иштироки наздики худи Ятимов.

«Э Одиназодаи васвосӣ, бо чӣ гуфтестай?», шояд шумои содда суол кунед. Бале дӯстам, кор хеле ва хеле ҷиддист. Проекти «Муҳаммадиқболи Садриддин» шояд ҷиддитарин ва муваффақтарин проекти Ятимов аст чун бо дишмани ӣиддитарин ва нирумандтарини ҳукумат ва Хонавода сарукор дорад, бо мусалмонҳои Тоҷикистон.

ПРОЕКТ ЧӢ ГУНА КОР МЕКУНАД.

Ҳадафи асосии проекти «Миҳаммадиқболи Садриддин» дар зери назорат қарор додани мусалмонҳои тоҷикӣ, мушаххас кардани қишри фаҷҷоли он ва ба нестӣ кашидани он аст, Нақшаи худи «Миҳаммадиқболи Садриддин дар ин проект кӯчак ва ҷузъист. Муҳаммадиқбол дар ин проект ҳамчун бизигаре беш нест, ки нақши дуввуминдараҷаеро мебозад.

Мудирияти ҳамаи проектҳои Миҳаммадиқболи Садриддин аз тарафи тими вижае аз КДАМ анҷом дода мешавад ба монанбди гурӯҳи»Қуръон чӣ мегуяд», сомонаи «Ислоҳ» ва ИслоҳТВ. Мӯҳтавои ин ҳама проектҳо аз тарафи нависандагони мазҳабии КДАМ пур карда меавад ва эҷод, таҳрир, вироиш ва монтажи ҳамаи видеоҳо ва сафҳаҳо аз тарафи мутахассисони КДАМ анҷом дода мешавад.

Иштироки худи Муҳаммадиқболи Садриддин дар таҳияи матолиб ва ҳатто дар ҷой додани онҳо дар сомонаи Ислоҳ ҳатмӣ ҳам нест, чун сомона аз тарафи дигар одамҳо, аз тарафи мутахассисони ИТи КДАМ мудирият карда мешавад ва худи Муҳаммадиқболи Садриддин хеле зиёд ҳатто тасаввуроте надорад дар сомона чӣ мегзарад ва ин ҳама мақолаҳоро кӣ мондааст ва онҳо чӣ маъно доранд.

Гурӯҳи Қуръон чӣ мегӯяд ҳам пурра зери назорати КДАМ аст: кулли аъзои ин гурӯҳ, кулли мукотиба аз тариқи мессенҷер ва тамосҳои телефонӣ. Ин ҳама чиз барои КДАМ манбаъи иттилооти бебаҳо аст, не?? Худатон фикр бикунед ва худатон тасаввур бикунед.

ТАРҒИБИ ПРОЕКТИ «МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН»

КДАМ моҳирона проектҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро тарғиб карда меистад ва ин аст, ки ин проект имрӯз расонаи асосии кулли мусалмонони Тоҷикистон шудааст. Барои ба даст овардани боварии мусалмонони тоҷик, КДАМ иттилоотҳои доғро дар проектҳои зери номи Муҳаммадиқболи Садриддин худаш нашр карда меистад ва хеле зиёд ин ҳама иттилоот воқеъан дисркедитатсияи Ҳукумат, Хонавода ва ё ҳатто худи КДАМ аст. Албатта ин ҳама матолиб зарба ба ҳукумат ва ба КДАМ аст, аммо компенсатсия ба маротиб бештар аст. Худатон фикр бикунед: ба доми КДАМ боз ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик худашонро бехабарона ва соддалавҳона гирифтор мекунанд.

Тарғибот асосан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бурда мешавад. Фейкҳои зиёд аз КДАМ Муҳаммадиқболи Садриддинро таърифу достон мекунанд ҳамчун «муборизи роҳи ҳақ», «ягона марди мубориз, ки ҳақро мегӯяд» ва ғайра. Ин фейкҳо видеоҳо матолибро ҳар чӣ бештар паҳн карда меистанд, комментҳои пуршумор навишта меистанд ва ҳарчӣ бештар лайк монда меистанд.

Тарғиботи дигар аз тарафи КДАМ ин равиши «тарғиб аз тариқи танқид аст». Яъне хеле зиёд Муҳаммадиқболи Садриддинро аз тариқи фейкҳо танқид карда меистанд, то дар зеҳни мусалмонҳо тасвирае пайдо бишавад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин воқеъан як душмани ашадддии ҳукуамтиҳост ва мусалмонҳо ва ӯ бовар бикунанд.

Ин аст, ки имрӯз мо ин падидаи шигифтоварро бо номи проекти «Муҳаммадиқболи Садриддин»ро дорем, ки аз як тараф моли душмани асосии мусалмонони тоҷик КДАМ аст ва ҳамзамон аз тарафи дигар кулли мусалмонҳои тоҷик шомили онанд. Як дастгоҳи воқеъан нируманд, корӣ ва судманд барои дар зери назорат нигаҳ доштани мусалмонони тоҷик. Ба назар мерасад, ки КДАМ ҳазинаи зиёдеро ба харҷ медиҳад барои барқарор нигаҳ доштани ин дастгоҳ, аммо «шкурка того стоит».

Ва ҳамчунон бояд иқрор шуд, ки оқои Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам моҳирона нақши худро дар ин проект бозӣ мекунад ва дар зеҳни касе аз мусалмонони тоҷик ягон подозрение пайдо намешавад, ҳатто дар зеҳни он баччаҳое, ки дар Урупо вақташонро бо ин оқо мегузаронанд.

Оқои Муҳаммадиқболи Садриддин вазифаи худашро воқеъан хеле хуб иҷро карда истодааст. Чӣ хеле ки ман мефаҳмам, ҳамеша бо баччаҳакои муҷоҳир «ғмхорона» дар тамос аст, махсусан онҳое, ки дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия ҳастанд, ҳамеша ҳолпурсӣ карда меистад, аз ҳолашон, аз ҷои буду бошашон, аз хешу ақрабояшон дар Тоҷикистон пурсон шуда меистад ва ваъда медиҳад агар кӯмаке ба хешу ақрабои онҳо лозим бошад, худи ӯ метавонад ҳамчун «мусалмон» ҳар коре, ки аз дасташ меояд, анҷом бидиҳад.

Какой молодес. Не так ли?? Очен маладес.