ҚАДАМ ИСМАТОВ, ЧӢ ЧИЗ ХАТО РАФТАЙ??

Мардакворӣ, баччако. Ба ростӣ ҳайронам, аз як тартаф. Оқои Қадам Исматов як баччаи мисли худам прастой, аслаш аз як қишлоқи кӯҳистонӣ, воқеъан мӯрчаро озор намедиҳад. Пас, чаро ҳукуматиҳо дунболи ӯ мегаштаанд, им нечего делат, чтоли? Не? Дуруст аст, ӯ бисёр менависад, дар ҳар куҷо, дар зери ҳар матлаб, баҳудаву беҳуда ва баҷову беҷо, аммо дӯстдоштанӣ [...]

«Ба хун омадем, ба хун мерем»? — хайр, гуфти шумо шавад.

Имрӯзҳо зиёде аз тоҷикони мо мутаваҷҷеҳи он мешаванд, ки чӣ гуна ҳамаи моро фазои шадидан дурӯғин иҳота кардааст. Ҳар куҳо нигаҳ накардӣ, он дурӯғин аст ва ба ҳар касе, ки нигаҳ накардӣ ӯ дурӯғин аст. Ҳатто онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ту худат ва ҳамроҳи ту миллатат ба онҳо умед мебастанд ва онҳоро таҷассуми шарофат, иззат [...]

Системаи мудирии дузд

Якчанд афкор болои Паймони Миллӣ (собиқ ҲНИТ), ки воқеъан худаш бар сари худаш таҷассуми ҳолати ақидавӣ ва равонии миллати тоҷик имрӯз аст, ба он маъно, ки ҳарчӣ, ки Паймони Миллӣ аст, мо тоҷикҳо воқеъан ҳамон астем. Ва ин ташкилоти ба истилоҳ "мухолиф" воқеъан як нусхаи майдаҳаки Ҳукумати Тоҷикистон аст, давоми Ҳукумати Тоҷикистон аст, ва аз [...]

Мухолифин: бозгарданд ва ё бознагарданд?

Оё масъалаи “бозгаштан” ва ё ’бозгардониадани” мухолифин ба як пули пуччак меарзад?? Фикр намекунам. Пас чаро ин ҳама ҳаёҳӯй? Ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи мухолифин? Аз тарафи ҳукумат ин ҳаёҳӯйро Хадамоти амнияти ҷӯр мекунад. Ягона ҳадафи ин ҳама ҳаёҳӯй ҷалб кардани таваҷҷӯҳи Пешво аст, намуде аз гузориш аз тарафи Хадамоти амниятӣ, то [...]

Набарди интернетӣ

Имрӯзҳо мухолифини урупоинишини тоҷик саросар аз по уфтодаанд ва дар ҳолати нокаут қарор доранд. Ҳукумати Раҳмон пирӯзиашро дорад ҷашн мегирад ва мушакҳои интернетии худашро дар рӯбарӯи чашми мардум дар саҳнаи маҷозӣ зеб медиҳад. Хуш ба ҳолаш, чӣ бигам? Ҳукумат пирӯзиро дар ҷое ба даст овардааст, ки касе наметавонист пешбинӣ ва тасаввур бикунад - дар фазои [...]

Ҳувияти исломситез ва русгаро

Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки гӯё “озод” ва “мустақил” аст. Ҳаддиъақал қаламраве дорад, ки бо марзҳое баста иҳота шудааст ва туи он гӯё “миллате” зиндагӣ мекунад, ки соҳибкишвар аст. Ин миллат албатта “ном” дорад, “забон” дорад в ҳамчунон “торих” ҳам дорад - “Торихи миллати тоҷик”. Вуҷуди ботинии миллат бо ҳамин чаҳорчӯбҳои маконӣ ва замонии [...]

Кишвари “Тоҷикистон” истеҳсоли русист

Мардум мепурсанд: “Хайр, шумо дар бораи ришвахорӣ, дуздии ҳаққи мардум, фасод гап мезанед, аммо як мегуфтед, ки роҳи халосӣ дар куҷост, охир. Бе шумо ҳам мо худамон медонем, ҳоли Тоҷикистони мо чӣ аст”. Албатта хушҳол мешавам, ки ба ман ҳамин гуна суолҳои мушкилу печидаро бовар мекунанд. Гап болои фасод хеле зиёд аст, дар тамоми гӯшаи [...]

Забони гуфтугӯии расмии тоҷикӣ

Салом ҳамшаҳриёни гиромӣ. Дар ин ҷи ман сиёҳнависи пружаи забони гуфтугӯии расмии тоҷикиро барои ҳамшаҳриёни азиз пешниҳод мекунам. Дар ҷумалоти баъдӣ ман ҳамон сабки гуфтугӯии пешниҳодиро дар навиштори худ истифода хоҳам бурд, то барои дӯстон рӯшантар бишавад, ки манзури ман дар ин ҷо чӣ аст. Он чӣ, ки ман дар поён меорам, афкори шахсии худи [...]

Австролиё

  Аҷаб кишварест Австролиё. Маро бо чеҳрае пуртабассум истиқбол кару ба оғӯш бигирифт. То ҳадде, ки, валлоҳ, шарм доштам. Ман, ки тӯли як соли ғиёб ин гуна сафарҳои зиёде дошта будам, ин гуна моҷароҳои зиёду пурталотумро аз сар гузаронида будам, фикр мекардам, дар фурӯдгоҳ ҳадди ақал бояд боздоранд ва пурсуҷӯ бикунанд. Ба писарам Манучеҳр гуфта [...]

Мамлакати қалбакӣ?

Дуруд бар шумо ҳамватанони азиз, Ин ҷо матлаберо дар ёддоштҳоям мекорам, ки як миқдор баҳсбарангез аст. Матлаб асосан ба одамони донишгоҳӣ ва илмиву озмоишӣ иртибот дорад. Аз ин лиҳоз, хондани матлаб барои одамоне, ки берун аз доираи мазкур ҳастанд, шояд як миқдор хастакунанда ва ғайриҷолиб бошад. Ин матлаб як гузоришест дар 8 сафҳа ва ба [...]