Мамлакати қалбакӣ?

Дуруд бар шумо ҳамватанони азиз,

Ин ҷо матлаберо дар ёддоштҳоям мекорам, ки як миқдор баҳсбарангез аст. Матлаб асосан ба одамони донишгоҳӣ ва илмиву озмоишӣ иртибот дорад. Аз ин лиҳоз, хондани матлаб барои одамоне, ки берун аз доираи мазкур ҳастанд, шояд як миқдор хастакунанда ва ғайриҷолиб бошад.

Ин матлаб як гузоришест дар 8 сафҳа ва ба оқои Масъуди Миршоҳӣ ва Маркази ҳуҷайрабунёдие, ки ин шахс гӯё дар Донишгоҳи тиббии мо бунёд кардааст, бахшида шудааст. Ин гузоришро ман баъд аз ихроҷ шудан аз Донишгоҳи тиббӣ навишта будам ва дертар ҳангоми депортшавиам аз Тоҷикистон, аз тариқи як шахси бисёр огоҳ ва ватандӯст, ба сӯи мақомот равона карда будам, бо умеде, ки касе ҳамаи ин корҳоро таҳқиқ бикунад.

Аммо рӯшан аст, ки, албатта, касе таҳқиқотеро набурдааст ва нахоҳад бурд. Дар қалби ватани мо, дар маркази пойтахтамон шаҳри зебои Душанбе, дар чаҳорчӯби яке аз донишгоҳҳои калидии кишвари азизамон Тоҷикистон, дар рӯбарӯи чашми миллиюнҳо тоҷикҳо – маркази илмие фаъъолият дорад, ки куллан қалбакист – Маркази ҳуҷайрабунёдӣ.

Мебинам, ки ҳам раёсати Донишгоҳи тиббӣ ва ҳам мақомот аз ин маркази қалбакӣ розӣ ҳастанд ва аз оқои корчаллони эронӣ Масъуди Миршоҳӣ ҳам розӣ ҳастанд. Онҳо аз ман барин олимон розӣ нестанд, барои ҳамин ҳам мо на танҳо аз донишгоҳ ронда шудем, балки аз ватани худ ҳам депорт шудем ва алон ҳақ надорем то 8 сол ба ватан баргардем.

Ба назар мерасад, ки кишвари мо ба як “мамлакати қалбакӣ” табдил ёфтааст. Умедворам ин тавр нест, албатта. Хеле мехоҳам, ки ин тавр набошад. Илоҳо.

 

Гузориш дар бораи Маркази ҳуҷайрабунёдии Донишгоҳи тиббӣ.

 

Маълумоти умумӣ

Системаи омӯзишии Тоҷикистон басе аз аносири системаи омӯзишии Иттиҳоди Шӯравиро бо ҳама бартариву норасоиҳояш, нигаҳ доштааст. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ) ҳам яке аз боқимондаҳои шӯравиро имрӯз дорост, ки он ЦНИЛ аст — Центральная научно-исследовательская лаборатория. Номи ин даргоҳ имрӯз ба тоҷикӣ ОМИТ тарҷума шудааст, яъне ки «Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ».

Дар даврони шӯравӣ, ҳар донишкадаи тиббие ЦНИЛи худашро доштааст. ЦНИЛҳо заминаи таҷҳизотӣ ва озмоиширо барои анҷом додани корҳои озмоишиву пажӯҳишӣ, муҳайё мекардаанд. Ба ғайр аз он, дар ЦНИЛҳо ташхисоти пизишкӣ низ дар риштаҳои рехтшиносӣ (морфология), бофтшиносӣ (гистология), иммунология ва биохимия бурда мешудааст. Сохтори ЦНИЛ дар чорчӯбаи системаи шӯравӣ хеле хуб кор мекардааст, чун сармоягузорӣ барои илм мутамарказ будааст ва пажӯҳишоти илмиву тиббӣ ҳам мутамарказ анҷом дода мешудааст. Аммо дар шароити имрӯза, ки олимони пажӯҳишгар худашон сармояҳоро барои пажӯҳишашон аз манобеъи молии гуногун ҷалб мекунанд,   ба сохторе ҳамчун ЦНИЛ вокеъан ҳам дигар ниёзе намондааст. ЦНИЛҳо танҳо дар баъзе аз гӯшаву канори пасошӯравӣ, махсусан дар баъзе аз донишгоҳҳои музофотии Русия ва ҳамчунон дар Тоҷикистони мо низ, то ҳол бо сабабҳои гуногун барҷо мондааст. Боқимонда донишгоҳҳои тиббӣ дар ҳудуди пасошӯравӣ сохтори пажӯҳишии худро кайҳост бозсозӣ кардаанд ва ба талаботи замон мувофиқ кардаанд.

Аз маълумоте, ки ман дорам, ЦНИЛи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90-и асри гузашта рӯ ба таназзули пурра ниҳода будааст, чун кулли олимони пажӯҳишгари ин даргоҳ аз Тоҷикистон рафтаанд ва таҷхизоту дастгоҳҳои ин марказ ё ба Русия рафтааст ва ё дар худи ҳамин Тоҷикистон обулой шудааст ва ё ҳатто аз сабаби ноогоҳӣ ба ошғол партофтаанд.

Бо беҳтар шудани ҳолати сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон, тӯли якчанд соли ахир талошҳое ба харҷ дода шудааст то ба ЦНИЛ ҳаёти дубора бибахшанд ва дар Донишгоҳи тиббӣ пажӯҳиши илмӣ нашъунамо бикунад. Дар ин чо бояд саҳми ректори собиқи донишгоҳ ҷаноби Убайдуллоҳи Қурбонро таъкид кард, ки ин шахси вокеъан фарҳангӣ ва ватандуст кори бисёреро анҷом додааст.

Ҳамзамон ҳамаи ин ниятҳои нек — парвариши илм дар Точикистон — ба мушкилиҳои шадиде рӯбарӯ шудааст, ки омили асоси он набудани мутахасисони соҳаи илмӣ-эксперименталӣ будааст, набудани шахсе, ки роҳандозӣ ва парвариши илмро ба таври ҳирфаӣ мудирият карда тавонад. Дар натиҷа, пиёдасозии ин ниятҳои нек каҷ рафтааст ва ба ҷои роҳандозии илми вокеъӣ, илми қалбакӣ сохтаанд. Ба ҷои ҷалб кардани олимони вокеъан ҳирфаӣ ва вокеъан наҷиб, қаллобонеро аз хориҷ ва дохили Тоҷикистон ҷамъ кардаанд, ки чӣ тавре, ки ба назар мерасад, фаъъолияти асосии онхо дуздии молӣ, адабӣ ва илмӣ буадааст.

Яке аз сохторҳои фиребдиҳандае, ки дар ЦНИЛ тӯли солҳои ахир бунёд шудааст ин Маркази пажӯҳиши ҳучайрабунёдӣ мебошад. Ин марказ бо ташаббуси шахси эронитабори муқими Фаронса оқои Масъуди Миршоҳӣ бо ҳамкорӣ бо раиси ЦНИЛ ҷаноби Хидиров Муртазо Алиевич, бунёд карда шудааст.

Банда дар ЦНИЛ аз 15 октябри соли 2015 то 17 марти 2016 кор кардаам. Ман, ки собиқаи кории хеле тӯлони дар риштаи илмӣ-озмоишӣ дар донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои мухталифи дунёро дорам, ҳамин 5 моҳи кориам кофӣ буд то бо тамоми ҷузъиёташ бифаҳмам, ки дар ЦНИЛ чӣ рафта истодааст ва оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров кӣ ҳастанд. Тавсифи кору фаъъолияти ин марказ дар поён оварда шудааст.

* * *

Дар бораи Маркази пажӯҳишии ҳучайрабунёдӣ ман қаблан вақте, ки ҳанӯз дар Австролиё будаам, шунида будам ва хеле хушҳол шуда будам, ки Тоҷикистони мо ин тавр пешрафт кардааст. Пажӯҳиши ҳучайрабунёдӣ (исследование стволовых клеток, stem cell research) воқеъан хам як риштаи илмии бисёр ҳам боэътибор, бисёр ҳам мушкил ва бисёр ҳам серхарҷ аст ва барои роҳандозии ин гуна марказ донишгоҳ бояд воқеъан ҳам фавқулъодда қавӣ бошад — ҳам аз лиҳози моливу фанноварӣ ва ҳам аз лиҳози манобеъи инсонӣ. Барои ин кор донишгоҳ бояд заминаи ҷиддии таҷҳизотӣ ва даҳо ё ҳатто садҳо олимони собиқадор дар риштаҳои мухталифи пизишкӣ ва зистшиносӣ дошта бошад. Бисёр донишгоҳҳои ҳатто ғарбӣ қодир нестанд, пажӯҳиши ҳучайрабунёдиро роҳандозӣ бикунанд. Барои ҳамин шахсан барои ман хеле ҷолиб буд, ки аҷабо ин мӯъҷизаи табиат, яъне Маркази пажӯҳишии ҳучайрабунёдӣ дар Тоҷикистон воқеъан чӣ бошад?

Аввалин бархӯрди ман бо Маркази пажӯҳиши ҳучайрабунёдӣ маро фавран нигарон карда буд. Ман марказеро дидам, ки тиҳӣ аз одамон буд. Дар се утоқи озмоишӣ касе набуд ва дида намешуд, ки ин ҷо одамон кор кардаанд ва ё кор мекунанд. Асаре аз фаъолияти илмӣ дида намешуд. Фақат як марди ҷавоне дар яке аз утоқҳо нишаста буд, ки нахуст ман фикр кардам нигаҳбон бояд бошад. Аммо дертар фаҳмидам, ки ҳамин марди ҷавони камсухан, дар асл мутахассиси асосии ҳучайрабунёдии озмоишгоҳ будааст. Дар воқеъ ҷавони хеле наҷиб аст, гуфтагӣ барин.

Шигифтии дигаре, ки дар озмоишгоҳ фавран ба назарам намоид, ин он тартибе, ки мошинҳову дастгоҳҳои илмӣ дар дохили утоқҳои озмоишгоҳ чида шуда буданд, буд. Аз таҷрибаи 25-солаи эекперименталии худ медонам, ки корҳои озмоишӣ дар ҳама ҷои дунё шабеҳи ҳамдигаранд ва озмоишгоҳ хоҳ дар Австролиё ва хоҳ дар Русия, ҳамон озмоишгоҳ аст. Аммо ин озмоишгоҳи ҳуҷайрабунёдӣ як музейро мемонд, ки дар он мошинҳо ба таври хеле тасодуфӣ чида шуда буд ва бисёре аз мошинҳо ҳатто ба барқ пайваст набуд.

Ҷаноби Муртазо Хидиров, раиси ЦНИЛ, ки маро ба озмоишгоҳ муаррифӣ мекард, бар сари худаш баром як муаммо буд. Фавран ба назарам намоид, ки забони ин шахс як миқдор «кӯчагӣ» буд ва чӣ хел ӯ бо мушкилии зиёде баъзе аз истилоҳоти илмиро талаффуз мекард. Дертар фаҳмидам, ки ин шахс аз руи тахассусаш равонпизишк (психиатр) будааст ва ба корҳои озмоишӣ иртиботе надоштааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷуъат кардааст мудирияти муассисае, ки дар он ҳеҷ чизро намефаҳмад, ба ӯҳда бигирад. Вақте, ки баъд аз муаррифии озмоишгоҳ мо дар офиси ӯ нишаста будем, ӯ ба ман тӯлонӣ дар бораи устоди шодравонаш, ки равонпизишки шинохтаи кишвар будаанд, ва ҳамчунон дар бораи торихи ҳаётиаш зиёд чизҳоро нақл мекард, аммо ҳамзамон кӯшиш мекард то сӯҳбати мо ба мавзӯъхои илмӣ-эксперименталӣ нагузарад.

* * *

Аз назари ман, оқои Миршоҳӣ ҳам бар сари худаш як шахси пурмуаммо аст. Чӣ тавре, ки аз таҳлили фаъолияти ӯ дар Пажӯҳишгоҳи миллии беҳдошт ва пажӯҳиши пизишкии Фаронса (Institut national de la santé et de la recherche médicale) бармеояд, ин шахс бидуни шубҳае албатта олими пажӯҳишгари пурмаҳсуле будааст. Аммо шоистаи таъкид аст, ки оқои Миршоҳӣ дар риштаҳое пажӯҳиш мебурдааст, ки иртиботи мустақиме ба пажӯҳишоти ҳуҷайрабунёдӣ надоштааст. Мақолоти ӯ асосан дар риштаҳои хуншиносӣ ва саратоншиносӣ чоп шудааст, на ҳуҷайрабунёдӣ. Барои хамин нахустин чизе, ки касро ба ҳайрат меорад он аст, ки чӣ тавр мешавад, ин шахс дар Тоҷикистон маркази пажӯҳишиеро бунёд кардааст, ки худаш мутахассиси он соҳа набудааст?

Ҳатто агар фарз кардем, ки ин шахс дар воқеъ ҳам қодир буд, ҳамин хел як маркази ҳуҷайрабунёдиро роҳандозӣ бикунад, пас чӣ хел мешавад, ки ӯ мутаваҷҷеҳ нашудааст, дар Тоҷикистон барои роҳандозӣ ва рушди ин илм заминае вуҷуд надорад – қабл аз ҳама манобеъи инсонӣ комилан вуҷуд надорад? Чӣ хел мешавад, ки ӯ ин корро ҳамроҳ бо ҷаноби Муртазо Хидиров шурӯъ кардааст, бо шахсе, ки ҳамагӣ психиатр аст ва аз риштаи эксперименталии илмӣ фарсахҳо дур аст? Як бори дигар таъкид мекунем, ки риштаи ҳуҷайрабунёдӣ яке аз риштаҳои хеле мушкили илмӣ дар ҷаҳон мебошад.

* * *

Чӣ хеле, ки қайд карда шуд, ман дар ЦНИЛ 5 моҳ кор кардаам, ва тӯли ин 5 моҳи корӣ ягон бор мушоҳида накардаам, ки касе ягон кори озмоишӣ дар соҳаи ҳуҷайрабунёдӣ карда бошад, ва ё дар маҷлисҳоямон касе чизеро доир ба ҳуҷайрабунёдӣ баррасӣ карда бошад. Ҳамеша вақте, ки ба Маркази ҳуҷайрабунёдӣ меоӣ, он ҷоро холӣ аз одам мебинӣ, ба ғайр аз як нафаре, ки ҳамеша дар утоқи навбатдорон менишинад, яке аз онҳо корманди илмӣ аст ва дигаре лаборант. Чӣ хеле, ки ман медонам, ҳамин лаборанти бечора ҳам ба ғайр аз навбатдорӣ коре дигар дар ин марказ надорад, чун корҳои озмоишие бурда намешавад, ҳеҷ зарфе дар озмоишгоҳ чиркин ҳам намешавад, ва дар ин марказ ниёзе ба лаборант ҳам вуҷуд надорад дигар. Яъне марказ як мазорро мемонад, ки дар он ҷо ба ғайр аз шайхҳои навбатдор касе нест.

Саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр мешавад, равонпизишки мо ҷаноби Муртазо Хидиров солҳо мешавад, ки аз тариқи телевизиони марказии Тоҷикистон баромадҳо мекунад ва тӯлонӣ дар бораи пажӯҳишоти бурдааш дар риштаи ҳуҷайрабунёдӣ ва натоиҷи он суханҳои зебо мекунад ва аксхои мурмази худро ироаи тамошобинони тоҷик мекунад? Кор ин чо содда аст. Ҳамаи аксҳое, ки дар телевизион нишон дода мешавад, ва ҳамаи матнҳое, ки хонда мешавад, аз интернет боргирӣ карда шудааст.

Чун ин Маркази ҳуҷайрабунёдии тоҷикии мо дар воқеъ як мӯъҷизаи табиат аст, баъзе аз хориҷиёни дарҳайратуфтода барои дидани ин мӯъҷиза меоянд. Ман медонам, ки ду дафъа русҳо «барои таҷрибаомузӣ» омада будаанд. Тасаввур мекунам, ки ин русҳо вақте, ки ин ҳама масхарабозиро дидаанд, чӣ гуна қоҳ-қоҳ зада ханда карда бошанд, ва чӣ гуна баъди бозгашт ба Русияашон донишгоҳи тоҷикии моро ва худи миллати моро зери масхараи худ қарор дода бошанд.

Илова бар ин, бо талоши оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров, Маркази ҳуҷайрабунёдӣ дар Тоҷикистони мо дар сатҳи болотарин хеле хуб шинохта шудааст. Аксҳои оқои Миршоҳи бо раисҷумҳури кишвар дар баъзе аз деворҳои донишгоҳи тиббии мо ҷилвагар аст. Ба оқои Миршоҳӣ унвони баландтарини илмии Тоҷикистонро сазовор донистаанд ва инак имрӯз ин шахс академики Фарҳангистони мост. Ба назар мерасад, ки ин Маркази ҳуҷайрабунёдӣ ва умуман ЦНИЛ бояд хуб маблағгузорӣ шуда бошад. Аммо шоистаи таъкид аст, ки касе намедонад ҳамаи ин маблағхо куҷо рафтааст, чун ЦНИЛ-и имрӯза як ҷоест комилан харобазор, ки дар он оддитарин мавод ва дастгоҳҳои лозимиро наметавон пайдо кард, як пинцет ва ё қайчӣ намеёбӣ, истифода бибариш.

Гузашта аз ин, Маркази ҳуҷайрабунёдии Донишгоҳи тиббии мо ҷоест, ки ба ин чо ҳукумати мо бисёре аз меҳмонони хориҷиро меорад, то онҳоро бо дастовардҳои илмии мо тоҷикон шинос бикунад. Аксҳои зиёде дар деворхои ЦНИЛ овезон аст, бо шайхҳои арабӣ, масалан. Саволе ин чо пайдо мешавад, ки чӣ гуна он боздидҳо ва мулоқотҳо созмон дода мешавад? Ин ҳам барои оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров содда аст. Онҳо ҳамаи кормандони ЦНИЛ-ро ба Маркази ҳуҷайрабунёдӣ меоранд, то утоқхои холӣ пури «командони ҳуҷайрабунёдӣ» шавад. Аксҳои аз интернет боргирӣ шударо дар мониторхои компютерҳо мегузоранд ва ба меҳмонҳо мегӯянд, ки «ҳо, ана мо ҳуҷайраҳои бунёдиро дида истодаем» дар ҳоле, ки дар дохили мошин чизе вуҷуд надорад. Инро ба ман шахсе ҳикоят карда буд, ки худаш иштироккунандаи ин цирк будааст.

* * *

Баъд аз таҳлили ҳамин чизи аҷиб-ғариб — Маркази ҳуҷайрабунёдии Донишгоҳи тиббӣ, ва баъд аз он ки ногаҳон иттилооти аҷиби зиёде роҷеъ ба оқои Миршоҳӣ аз ашхоси берун аз донишгоҳи тиббӣ ба гӯши ман расид, ман мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин Маркази ҳуҷайрабунёдӣ воқеъан як сохтори қалбакӣ будааст ва инро оқои Миршоҳӣ бо як мақсади вижаи худаш роҳандозӣ кардааст. Маркази ҳуҷайрабунёдӣ як фасади зебо дорад, утоқхо хеле хуб таъмир дидааст, деворҳо пур аз стендҳо ва аксҳо мебошад, дари вурудии Маркази ҳуҷайрабунёдӣ қулфи электронӣ дорад ва бо тугмачаи махсусе боз мешавад. Мошинхои илмии зиёд, ки зоҳири хуб доранд (аммо мутаасифона кӯҳнаву вайрону валангоранд) утоқхои озмоиширо зеб медиҳад. Аммо шубҳае нест, ки ҳамаи ин чизҳо барои хокпошӣ ба чашм бунёд карда шудааст. Ба он савол, ки ин хокпошӣ ба чашми кист, дар поён хоҳем овард. Дар дохили худи Маркази ҳуҷайрабунёдӣ ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз кор намекунад. Дохили Маркази ҳуҷайрабунёдӣ аз лиҳози илмӣ комилан холист.

* * *

Пас савол пеш меояд, ки якчанд сол мешавад ин марказ фаъъол ба назар мерасад, рафтуои оқои Миршоҳӣ зиёд будааст, ки маъоши 4000-сомонӣ мегирифтааст, охир ин одамон тӯли ин вақт чи кор карда истода будаанд дигар?

Посух тавзеҳотро мехоҳад. Аз сӯҳбатҳое, ки оқои Хидиров дошт, бармеояд, ки дар Маркази ҳуҷайрабунёдӣ, оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров ба «ҳуҷайрадармонӣ» (лечение стволовыми клетками) машғул будаанд на ба «пажухиши ҳуҷайрабунёдӣ» (исследование стволовых клеток). Ин ду иборот, «ҳуҷайрадармонӣ» ва «ҳуҷайрабунёдӣ» ба шахси берун аз илм ҳамон як чиз метобад, аммо мо пешакорон хеле хуб медонем, ки тафовут ин ҷо замину осмон аст.

Ин ҷо як чизи дигарро бояд таъкид кард. Окои Миршоҳӣ моҳирона камфарҳангиву камдонишии мо тоҷикхоро истифода мебарад, чун у худаш хуб медонад, ки мо тоҷикхо «хурофотӣ» (яъне ақибмонда) ҳастем ва ӯ ҳамчун эронӣ «фарҳангист» (яъне пешрафта). Оқои Миршоҳӣ медонад, ки мо тоҷикхо ҳамин забони тоҷикии худро ҳадди ақал наметавонем хуб истифодааш бибарем ва ӯ моҳирона бо забони фасеҳи форсии эронии худаш, бо бозии вожаҳо, тоҷикҳои моро гӯл мезанад. Махсусан дар донишгоҳи тиббӣ, ки то ҳол мавкеъи забони русӣ қавист. Махсусан бо оқои Хидиров, ки забони модариаш узбакист ва ба тоҷикӣ наметавонад озод гап бизанад. Тасаввур кунед, ҳамин ҷаноби Хидиров, шахси дар риштаи эксперименталӣ бесавод ва шахсе, ки забони форсиро хуб балад нест, ҳамроҳ бо оқои Миршоҳӣ, ки куллан русиро балад нест, дар яке аз донишгоҳҳои асосии мо тоҷикон «илм» месозанд.

Бармегардем ба ин ибораи нав, ҳуҷайрадармонӣ (лутфан бо истилоҳи «ҳуҷайрабунёдӣ» перепутать накунед). Яъне истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ барои дармони бемориҳо. Дар як сӯҳбати тасодуфиам бо ашхосе берун аз Донишгоҳи тиббӣ фаҳмида будам, ки оқои Миршоҳӣ эълон додааст, ки ӯ на танҳо Маркази пажухишии ҳуҷайрабунёдӣ, балки Клиникаи ҳуҷайрадармониеро хам дар Тоҷикистони мо сохтааст. Аммо ин гуна дармонгоҳе дар донишгоҳи мо албатта вуҷуд надорад. Ягона чизе, ки ман мушоҳида кардаам, дар Маркази ҳуҷайрабунёдӣ баъзе вақтҳо дар бораи хамин мавзӯъ, яъне дар бораи табобати беморон бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ, сухан меравад.

Клиникаи ба номи «ҳуҷайрадармонӣ» ҳам худаш бар сари худаш як чизи бисёр баҳсбарангез аст, чаро ки ба ҳамаи дастовардҳои илмии вақтхои ахир нигоҳ накарда, равиши ҳуҷайрадармонӣ дар чаҳон то ҳол хеле кам истифода бурда мешавад (фақат дар мавориди хеле махсус). Мақомоти бисёре аз кишварҳо назоратро аз болои ҳуҷайрадармонӣ хеле пурзӯр кардаанд, чун эҳтимолияти қаллобӣ дар ин ҷо хеле зиёд аст ва алакай дар чунин кишварҳо мисли Чин ва Русия қаллобони зиёди тиббӣ мардуми зиёдеро фиреб ҳам кардаанд ва пули зиёдеро ҳам аз ҷайби мардум дуздидаанд. Сабаб он аст, ки истифода аз ҳуҷайрадармонӣ ба истилоҳи русӣ «серая область» аст, яъне дар бисёр маворид зарари зиёд ба беҳдошти бемор ворид намешавад ва аммо фоидаи зиёд аз ҳуҷайрадармонӣ ҳам дар бисёр маворид мушохида нашудааст. Ана акнун нигаҳ кунед ба «Клиникаи ҳуҷайрадармонии» Донишгоҳи тиббии мо. Ҷаноби Хидиров, шахси дар ин ришта комилан бесавод, беморони вазнини тоҷики моро даъват мекунад, ки онҳоро «ҳуҷайрадармонӣ» бибахшад. Албатта беморони ноумедшудаи зиёд ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд аз ҳамин илоҷи ниҳоие, ки як донишгоҳи бонуфузи Тоҷикистон пешниҳод мекунад, истифода баранд ва наздикони онхо ҳам ҳеҷ пули худро барои ин кор дареғ намедоранд… Хидиров дар Донишгоҳи тиббӣ кор мекунад, даргоҳе, ки обрӯи худашро дар байни мардум дорад ва мардум ба ин даргоҳ бечунучаро бовар ҳам мекунанд. Агар Хидиров ба ин одамони бечора ваъдае диҳад ва он ваъда ваъдаи хушку холӣ ва қаллобона бошад ҳам, одамон ба он бовар хоҳанд кард, албатта. Ман якчанд моҳ қабл аз ин як гапи таккондиҳандаеро шунида будам, ки гӯё баъд аз он, ки оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров шахсеро «ҳуҷайрадармонӣ» кардаанд, у фавтидааст, ва ин шахс устоди собиқи ҳамин Донишгоҳи тиббӣ будааст…Мудири як кафедраи донишгоҳи тиббӣ ин ҳодисаро ба ман нақл карда буд, ва суханони ин одам айнан чунин буд: «Инҳо он шахсро куштаанд». Аҷаб.

* * *

Ин ҷо як-ду сухан дар бораи таҷҳизот ҳам бояд гуфта шавад. Чӣ хеле, ки дар боло қайд шуда буд, тартиби ҷобаҷошудаи мошинҳо ва дастгоҳҳои илмӣ дар Маркази ҳуҷайрабунёдӣ хеле тасодуфист ва ин марказ бештар шабеҳи музей аст, на озмоишгоҳи илмии фаъъол. Вақте, ки наздиктар бо мошинҳо шинос мешавӣ, мутаваҷҷеҳ мешавӣ, ки ин ҳама мошинҳо ҳам иртиботе ба пажӯҳиши ҳуҷайрабунёдӣ надоштаанд. Аз руи маълумоте, ки ман дорам, ин ҳама мошинҳоро якчанд сол пеш оқоён Миршоҳӣ ва Хидиров аз хориҷа интиқол кардаанд ва барои ин ҳама таҷҳизоти бефоида 50 ҳазор дулор маблағи Донишгоҳи тиббиро истифода бурдаанд. Ҷои тааҷҷуби шадид аст, ки 90 дарсади ин ҳама таҷҳизот ба дарди касе намехӯрад. Ҳамаи онҳо хеле кӯҳна ва ё вайронанд. Масалан дар байни онҳо ман як мошинеро дидаам, ки солхои 90-уми асри гузашта мо дар Русия онро ба мусор партофта будем. Ин як сканнери плёнкаҳои фотографӣ аст, истеҳсоли Швеция. Зоҳири мошин хуб менамояд, аммо ин мошин 25 сол аст, ки ба дарди чизе намехӯрад ва арзишаш сифр аст. Ман дар ҳаӣратам, ки дар куҷои дунё ин мошинро то имрӯз ҳифз карда омадаанд. Ҳамин мошинро, ва дигар мошинҳои шабеҳи онро аз худи Фаронса ба Тоҷикистон овардаанд, ба табақаи дуввуми бинои асосии Донишгохи тиббӣ бо ҳазор машаққат баровардаанд ва ана акнун ба ҳама ҳамчун дастоварди барҷаста нишон медиханд. Намедонам меҳмонони русӣ ва хориҷие, ки ба Маркази ҳуҷайрабунёдӣ меоянду ин ҳамаро мебинанд, чӣ мегуфта бошанд.

Ва боз хам як бори дигар одам дар ҳайрат мемонад, ки майлаш, ҷаноби Хидиров, равонпизишки мо, ҳеҷ чизҳоро намедонад, намедонад, ки ин мошинҳо чиянд, аммо ба оқои Миршоҳӣ чӣ бало зад, ӯ-ку олими собиқадор аст? Ё ӯ фикр кардааст, мо тоҷикҳо куллан аҳмақем, баранов нашёл что-ли??

* * *

Як ҳодисаи дигар табиати оқои Миршоҳӣ ва бархӯрди ӯ бо мо тоҷиконро хуб нишон медиҳад. Чӣ хеле, ки ман гуфтам, дар ЦНИЛ олиме корие вуҷуд надорад, ба ғайр аз, албатта, як профессори хеле солхӯрда, профессор Нуралиев, ки синнашон аз 80 болост, ва аз эшон чизи зиёд талаб кардан ҳам ношоистаст. Кормандони хурди илмие, ки ҳастанд, ё ки комилан бекор мегарданд, ва ё бизнесҳои «левый»-и худашонро доранд. Худи ҷаноби Хидиров албатта тасавуроти зиёд ҳам надорад, ки кори пажӯҳишӣ чӣ аст. Аз ҳамин сабаб, вақте, ки ин бачаҳо бо роҳбарии ҳамин Хидиров мехоҳанд озмоишеро анҷом диҳанд ва ё мошини илмиеро истифода баранд, озмоиш кор намекунад ва мошинҳои чандҳазордулора мешиканад. Соли гузашта, вақте, ки бачаҳо натвонистанд, ки озмоише натиҷа бидиҳад, фикр карданд, айби ҳамаи ин нокомиҳо «оби тоҷикӣ» аст. Баччаҳако бо оқои Миршоҳӣ тамос гирифтаанд ва аз ӯ дархост кардаанд, ки ба онҳо «оби фаронсавӣ» бифиристад. Ин ҷо бояд таъкид кард, ки аз лиҳози илмӣ (ва мағзи солим) об ҳамон об аст, ки формулаи H2O дорад, новобаста аз маҳалли сукунаташ. Оқои Миршоҳӣ, ба ҷои расидагирӣ ба мушкилии баччаҳо ва онҳоро фаҳмондан, ки об хамон об аст, ба ҷои ин, ба баччаҳои мо 5 ампул оби оддӣ фиристодааст, бо хачми кам аз 100 мл (яъне муодили 100 грам водка). Вақте, ки об ба Тоҷикистон омадааст, баччаҳои мо бо роҳбарии ҷаноби Хидиров 12 ҳазор сомонӣ (мувозини тақрибан 3000 дулори онвақта) (!) сарф кардаанд, то обро аз гумрук бигиранд. Ва албатта, оби фаронсавӣ ҳам ба дарди ягон озмоиш нахӯрдааст, ки ҷои тааҷҷуб хам албатта нест.

* * *

Ман худам як шахси озмоишӣ хастам, ки тӯли 25 сол дар донишгоҳҳои мухталифи дунё кор кардаам. Барои хамин, қабл аз омадан ба Тоҷикистон пешбинӣ карда будам, ки ҳузури ман ашхоси зиёдеро дар ин ҷо нороҳат хоҳад кард, чун касе дӯст надорад, ки рақобат шадидтар бишавад, ки ин албатта амрест табиъӣ. Ҳамаи мо одам ҳастем ва эҳсос дорем. Вақте, ки маро ба Хидиров муаррифӣ карданд, истиқболи сарди ӯ нисбат ба ман баром албатта ҳайратовар набуд. Аммо вокунишҳои баъдӣ, ки фавқулъодда хушунатомез ва ғайриоддӣ буд, маро воқеъан тарсонд. Масалан, як дархости оддии ман барои дастрасӣ пайдо кардан ба як мошини илмӣ (мошини ПЦР), ин одамонро ба таҳлука андохта буд. Кор то дараҷаи мушткашӣ ба ман ва дашному хақорати модари ман расида буд. Хидиров ва 2-3 нафар баччаҳои ӯ аз як тараф, ва мани танҳову бекас аз дигар тараф, як соат ҷастухез дар назди мошинҳои илмӣ. Ҳамин хел вокунишҳои хеле ғайриоддӣ тӯли 5 моҳ бо ман зуд-зуд иттифоқ меуфтод ва ман оҳиста-оҳиста мутаваҷҷеҳ мешудам, ки ин ҳама хушунати шадид ба рақобати оддии касбӣ иртиботе надорад. Ин ҷо дар ЦНИЛ як кори бисёр-бисёр зишт анҷом дода шудааст. Ва таҳлукаи ин одамон аз он сабаб аст, ки ҳузури шахсе ҳирфаӣ мисли ман онҳоро даступоча кардааст.

* * *

Хулласи калом, дар ҳамин ҷо тавсифи ҷузъиётро қатъ мекунам, ва бардошти умумии худро аз ЦНИЛ дар поён ироъа мекунам. Ин ҳама иттидлооте, ки ман навишта истодаам, метавонад барои тафтишу таҳқиқи густурдаи ЦНИЛ аз тарафи раёсати Донишгоҳи тиббӣ ва ё ниҳодҳои давлатӣ истифода бишавад. Ман шахсан худам ҳам ба ҳамкории пурра омода ҳастам.

Рӯшан аст, ки ҳамаи ин Маркази ҳуҷайрабунёдӣ як проекти қаллобонаи оқои Масъуди Миршоҳист. Равиши кории у шабеҳи равиши кории баъзе аз қаллобони эрониву афғонӣ аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Инҳо бо дониши нисбатан хубе, ки роҷеъ ба корҳои байналмилалӣ доранд, мардуми кишвари худашонро гӯл мезананд ва аз пули сандуқҳои хайрияи байналмилалии барои миллати худашон ҷудошуда, суиистифода мекунанд. Оқои Миршоҳӣ бошад ин ҷо Тоҷикистони моро истифода бурдааст ва мо тоҷикони соддаро гӯл задааст.

Проектҳои Маркази пажӯҳиши ҳуҷайрабунёдӣ ва Клиникаи ҳуҷайрадармонӣ, ки дар Тоҷикистон гӯё бунёд карда шудааст, фақат ном ва фасад дораду халос. Дар дохили ин ному ин фасад чизе вуҷуд надорад. На ягон олиме ҳаст, ки пажӯҳиши воқеъӣ бурда истода бошад, на ягон проекти мушахаасе вуҷуд дорад, ки онро пиёда карда истода бошанд, ҳатто оддитарин дастгоҳҳо ва маводи лозимӣ барои оддитарин озмоишҳо вуҷуд надорад. Ягона фаъъолияти анҷом дода шудаеро ки дар борааш шунидаам, ин табобати беморҳои вазнин бо равиши ҳуҷайрадармонӣ будааст, ки он ҳам чӣ хеле, ки дар боло қайд кардаем, бидуни ҳеҷ шубҳа бар сари худаш як фаъъолияти қаллобии ҷудогона аст.

Оқои Миршоҳӣ, чӣ хеле ки шунида будам, барои ин проектҳо аз як сандуқи хайрияи исмоилия истифода кардааст ва маблағи зиёдеро ба даст овардааст. Чун оқои Миршоҳӣ иртибот бо маҳофили рӯзноманигорони тоҷик ҳам дорад, бисёре аз зиёиёни тоҷик аз ин моҷаро бохабаранд. Ҷузъиёти ин корҳоро ҳамон рӯзноманигорони мо хуб медонанд, ва онҳоро метавон ба осонӣ ба даст овард, чун оқои Миршоҳӣ мо тоҷиконро ҳамчун «баран» ҳисобидааст ва ҳатто эҳтиёт ҳам накардааст, ки рӯзе мутахасиси тоҷике пайдо хоҳад шуд ва ба корҳои аҷиб-ғариби ӯ аҳамият хоҳад дод.

Дар ҳамин ҷо гузориши худро ба поён мерасонам. Агар саволе касе дошта бошад бо ҷону дил хамсӯҳбат хоҳам шуд ва ҷузъияти бештареро ҳикоят хоҳам кард. Агар ҳамин тавр шавад, ки барои бурдани таҳқиқот комиссияе ташкил шуда монад, хуб мешуд маро ҳам ба ҳайъати комиссия шомил бикунанд чун ман бо эҳтимол ягона шахсе ҳастам, ки ҷузъиёти илмии ин ҳама моҷароро хуб мефаҳмам.

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

Абдусаломи Одиназода

Олими пажӯҳишгари риштаҳои улуми зистшиносӣ.

Барои дарёфти иттилоъоти бештар пиромуни ҳаёти илмии банда лутфан ин ҷо ангушт бизанед:

Abdussalam Adina-Zada

 

 

 

Оставьте комментарий