Фейкҳои Муҳиддини Кабирӣ

Фейсбуки тоҷикиро фейкҳо мечархонанд ва шинохтатарин чеҳраҳои сиёсии тоҷикӣ, ки фаъъолтарини фейсбукӣ ҳам онҳо ҳастанд, фаъъоляти 24/7инаи худро дар Фейсбук аз тариқи фейкҳояшон пеш мебаранд. Инҳо ё, ки намояи худро дар Фейсбук умуман надоранд, ва аммо шабонарӯз дар нӯки Фейсбук аз тариқи фейкҳояшон ҳамоно ҳузур доранд ва матлабе аз чашмони ҳамабини инҳо нодида ва носанҷида намемонад (ба мисли оқои Муҳиддини Кабирӣ). Ё, ки намояи аслии инҳо ҳамеша камнамо, кампайдо ва камгап аст, ва агар даҳон боз кард, мисли фаришта гап мезанад (ба мисли оқои Додоҷони Атовулло). Ва ё, ки агар даҳон боз кард, аз он даҳон ба ғайр аз иқтибосот ва намунаҳо аз Қуръон ва суннати Паёмбар (сас) дигар чизе берун намеояд, ва ҳама фикр мекунанд, ин оқо Мавлавии number one Тоҷикистон аст (ба мисли оқои Муҳаммадиқболи Садриддин).

Ҳамзамон фейкҳои инҳо, бо тазод бо намояи расмиашон, пур аз овоз, пур аз гап аст, ва матлабе дар Фейсбук намемонад, ки инҳо коммент нанавишта бошанд, ва шахсе намонда, ки инҳо ба сӯяш санг наандохта бошанд ва ё ӯро масхара накарда бошанд. Барои шахси мушоҳидакор ва таҳлилгар ин фейкҳо манбаъи иттилооти хеле ҷолибе ҳастанд ба имкон медиҳанд ин ашхосро бештар ва рӯшантар бишносӣ. Ва инак, дар ин матлаб, мехом як шахси шинохтаро барои намуна зери таҳлили худ қарор бидиҳам, оқои Муҳиссини Кабириро, ба ҳамшаҳриён бардошрҳои худро ироъа бикунам, шояд барошон ҷолиб бишавад. Инак, бифармоед.

МУҲИДДИНИ КАБИРӢ

Фейкҳои Муҳиддини Кабирӣ дар бораи шахсияти ин оқо ба мо чӣ мегӯянд? Қабл аз ҳама ба таври рӯшан мебинӣ, ки оқои Кабирӣ дар сиёсат шахсест шадидан тасодуфӣ ва ягон сифоти барҷастаро доро нест. Зарфияти зеҳнияш дар сатҳи кӯчаҳои қишлоқ аст, мафкурааш дар сатҳи хешу ақрабо ва авлод маҳдуд аст, қобилияти идрок ва таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро куллан надорад, ва аз дини мубини Ислом шадидан бехабар аст. Албатта суол ин ҷо он аст, ки пас чӣ гуна ин гуна шахс тавонистааст ба таври тӯлонӣ дар фарқи сари як ҳизби бузург ва рамзии тоҷикӣ бимонад ва бо истифода аз мавқеъи худ миллионҳо пули тоҷиконро ҷамъ бикунад ва ба яке аз сарватмандтарин афроди тоҷикӣ худаш, бародарош ва авлодашро табдил бидиҳад. Шахсе, ки дирӯзакак дар бозори Черкизовои Маскав лифчикфурӯшӣ, турсукфурӯшӣ ва носкифурӯшӣ мекард? Бигзор ҳамшаҳриён худашон болои ин матлаби ҳайратовар фикр бикунанд, аммо ин ҷо ман мехом ба таҳлили фейкҳои оқои Кабирӣ шурӯъ бикунам, бо иҷозаи ҳамшаҳриён.

ФЕЙКҲОИ МУҲИДДИНИ КАБИРӢ

Ин оқо яке аз фаъъолтарин ва ҳозиртарини Фейсбуки тоҷикист ва ба гуфти хонуме, ки даъво дорад ин оқоро аз наздик, аз хеле наздик, мешиносад, ва ҳамзамон ин оқоро аз фоҳиша ҳам бадтар тавсиф мекунад, ба гуфти ин хонум, «Кабирӣ дар нуки Фейсбук 24/7 ҳозир аст ва ҳеҷ матлабе аз назари ҳамабини ин оқо нодида намемонад».

Кулли фаъъолияти ин оқо аз тариқи фейкҳояш аст ва ин оқо ниёзеро намебинад, ки худаш як намояи аслии худашро дар Фейсбук дошта бошад. Фейкҳои ин оқоро аз рӯи кайфиятҳои равонӣ ва сифотҳои баёнӣ, ба монанди тарзи ҷумлабандӣ ва хазинаи вожагонӣ метавонӣ ба осонӣ мушаххас кард. Ҳолати равонии ин оқо ҳамеша дар сатҳи каме поёнтар аз сатҳи маъмулӣ қарор дорад, яъне як миқдор тира ва ҷиддӣ, ва шуморанда ва имтиҳонкунанда, ва бозанда. Матлабҳо асосан бо ҷумалоте муъаррификунанда шуруъ мешавад, то хонанда тасвирае дошта бошад, ки ин фейк касеро намешиносад, ва бетараф аст, ва беманфиъат аст. «Ман на Кабириро мешиносам, на дигарашро, касеро дар умрам ба таври зинда надидаам, гап ҳам назадаам, танҳо мехоҳам гапи ҳақро бизанам», мегӯяд фейки Кабирӣ дар аввали матлаб. Ва баъд ба мунтақид ҳамла мекунад ва ӯро ғайриҳирфаӣ ва шоистаи табобат дар беморхонаи рӯҳӣ эълон мекунад (барои мисол). Фейкҳои Кабирӣ ба таври устувор ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот ва суханҳои эҳсосотӣ дода намешаванд. Матолиби ин фейкҳо ҳамеша суханони як тоҷири шуморанда ва санҷанда аст, ва ҳадафи асосии матолиб ҳеҷ гоҳ ҳақиқат нест, чун ин оқо огоҳ нест ҳақиқат чист, дар куҷо мефурӯшандаш, ва нархаш ҳанд риёл ё ҳанд дулор аст. Сатҳи рӯшанфикрӣ ва зеҳнии ин фейкҳо ба таври маъмулӣ тақрибан сифр аст, аммо маҳорати бозигарӣ ва гулзании ин фейкҳо дар сатҳи хеле боло қарор дорад. Матолиб асосан бидуни перепечаткаҳо навишта меша, ки нишон мета, Кабирӣ хеле тӯлонӣ болои ин ҳама матолиб кор мекунад, ҳатто агар матлаб хеле кӯтоҳ, як ду ҷумла бошад. Ин аст, ки матолиби фейкҳои Кабириро ба осонӣ меиносӣ, на аз он сабаб, ки ба ҳама ҷузъиёти дар боло тавсифшуда таваҷҷуҳ мекунӣ. На. Матлаб худаш ба таври фаврӣ як тасвираи рӯшани равонии муаллифашро дар зеҳни ту эҷод мекунад, ва ту ин одамро боз ва боз, пайваста ва пайваста, фейк ва фейк, мешиносӣ. Зиёд меша, Кабирӣ водор месозад, то матлабашро дигарон аз номи худ бимонанд, он одамоне, ки ба ин оқо забонкӯтоҳ шудаанд, ё пул гирифтаанд, ё ягон секреташонро ба даст овардааст, ва кӯмаки ҷиддие кардааст. Яке аз ашхосе, ки матолиби Кабириро аз номи худаш мемонад, ин оқои Сорбони Ошиқ аст. Як гурӯҳ баччаҳои ҷавон ҳам ҳастанд, ки маҷбур частанд, ин корро бикунанд, аммо онҳоро намехом ин ҷо ном барам, чун кӯдакони хубе ҳастанд. Ин ҷо ҳамзамон намехом фейкҳои ин оқоро ном барам, дӯстон тақрибан ҳама огоҳанд.

Яъне фейкҳои Кабирӣ аз рӯи вижагиҳои комменҳое, ки ӯ менависад, ба осонӣ ташхисшаванада ҳастанд. Ва матолибе, ки худи ӯ менависад ва дигаронро водор мекунад, ки дар зери номи худ бимонанд, онҳо ҳам аз рӯи ҷумлабандӣ ва истифодаи вижаи вожаҳо, ба осонӣ ташхисшаванада аст. Ва ин ҳама матолиб бо тарзи сухангӯиҳои ин оқо дар видеоҳо ҳам ҳамранганд. Яъне, оқои Кабирӣ, ки ба таври шадид пинҳонкор ва боэҳтиёт аст, чун чизҳои зиёде дар ҳаёти 12 соли ахири ин оқо гузаштаанд, ки ин оқо метарсад, ҳамаи онҳо ифшо хоҳанд шуд, ва миллати шарифи тоҷикӣ аз онҳо бохабар хоҳад шуд. Ҳамзамон, ҳамин фаъъолиятҳои фейкҳои ин оқо дар Фейсбук аст, ки ба одамҳои огоҳ моҳияти ин оқоро ошкор карда истодаанд, ва ҳама оҳиста оҳиста фаҳмида истодаанд, ки ин инсон ва таври воқеъӣ чӣ инсоне аст, чӣ махлуқе аст, ва ба худаш чӣ гуна чизҳои даҳшатнокро тӯли ин ҳама солҳо раво дида омада аст. Ҳақиқат ҳамеша бақо ва пирӯз аст, бародарон ва хоҳарони азиз, ва памади ботил ҳамеша расвову радди маърака ва шармандагӣ аст. Магар не??