Хутбаҳои мавлавиҳои тоҷикӣ…

Мавлавиҳои тоҷикӣ имрӯз дар хутбаҳошон ба мардум чӣ чизро ёд медода бошанд? Манзури ман мавлавиҳои шинохташуда дар сатҳи миллӣ ҳастанд, ба монанди Ҳоҷӣ Мирзо, Эшони Нуриддин, Тураҷонзодаҳо ва дигарон. Мулло Абдураҳим ҳам имрӯз машҳур шуд, аниқтараш ӯро донишманди дунявии тоҷикӣ Абдулқодири Талбаков машҳур кунонд, хуш ба ҳолаш. Ба он нигаҳ накарда, ки, чӣ хеле ки мебинем, чӣ хутбаҳои пурхато дорад, ҳатто дар мавзӯъҳои оддие, ки ҳатто дар синфҳои аввали макотиби кишвар дарс медиҳанд.

PESHAWAR: Imam delivering Khutba before offering Namaz-e-Jumma at historic Mahabat Khan Masjid on the first Friday of Holy Fasting Month of Ramzanul Mubarak.

Хутбаҳои мавлавиҳои шинохташудаи тоҷикӣ воқеъан бад нестанд, бешак, ва чизҳои судмандеро ба мардум ироъа мекунанд. Масалан Ҳоҷӣ Мирзоро гирем. Хутбаи тӯлоние дорад болои он, ки чӣ гуна бояд аз туалет бехатар истифода бикунӣ. Чӣ гуна бояд дохил бишавӣ, чӣ гуна бояд бишинӣ, чӣ дуоҳоеро бояд бихонӣ, то шайтон ба ту ҳамла накунад, ҳам шайтонми мард, ва ҳам шайтони зан, чаро, ки шалвори ту поин аст ва ту дар хатари шадиде қарор дорӣ. Ва пас аз пушти сар кардани ин моҷарои хатарнок, чӣ гуна бояд зиндаву саломат аз туалет худатро берун бикашӣ. Воқеъан хутбаи судманде аст, ва дар сатҳи миллӣ аҳамияти зиёдеро дорост ва бидуни ин гуна хутбаҳо аз забони мавлавии сатҳи миллӣ, амнияти кишвари пур аз шукронаи мо дар хабфу хатари бузурге хоҳад буд. Воқеҷан, тасаввур кунед, баногоҳ, агар ба мардони мо дар туалетҳо шайтонҳо ба ҳамла кардан шурӯъ карданд, махсусан шайтонҳои мард, пас вазъи амнияти миллии ин кишвар чӣ хоҳад буд. Шукр, ки мо ин гуна мавлавиҳои сатҳи миллиро дорем ба монанди Ҳоҷӣ Мирзо ва амсоли он, вагарна ҳоли мо чӣ мешуд??

Дигар мавлавиҳои сатҳи миллии мо ҳам хутбаҳои арзишмандеро, мисли хутбаҳои дар боло оварда шуда, хидмати мардум ироъа мекунанд ва ҳар ҳафта, ҳафта болои ҳафта, ба мардум чизҳои муҳиммеро ёд медиҳанд ба монанди таҳорат, ҷузъиёти таҳорат, тартибу низоми анҷом додани таҳорат, дуоҳои таҳорат, манзили таҳорат, вижагиҳои таҳорати бидуни риш, ва бо риш, бидуни мӯи сар ва бо мӯи сари кӯтоҳ, ва бо мӯи сари дароз, бо мӯи сари на он қадар дароз, ва ғайра ва ҳоказо. Миллати тоҷик аз забони мавлавиҳои сатҳи миллӣ соатҳо ҳамингуна хутбаҳоро мешунавад, аммо, бовар намекунед, бенатиҷа. Ҳеҷ кас ҳанӯз на таҳорат карданро ёд нагирифтааст, на аз туалет истифода карданро. Ин аст, ки дар сатҳи миллӣ, дар минбарҳои болотарин, дар телевизиюн, дар видеоҳои, ки дар YouTube пайваста мечарханд, мавзӯъҳои хутбаҳо ҳамин аст. Мардуми тоҷикро мавлавиҳои сатҳи миллии мо ҳамингуна чизҳои рӯзмарраро ёд медиҳанд ва мо набояд ҳайрон бишавем.

Ё ҳайрон бишавем? Албатта, бародарони азиз, он, чӣ, ки дар боло коштам, шӯхӣ буд. Воқеъан ин ҳама чиз ҷои таассуфи шадид аст. Албатта тадриси фиқҳи сағира лозим аст. Дар мадрасаҳо, дар дарсҳое, ки мавлавиҳои қишлоқӣ ва музофотӣ меороянд ва дасти кӯдаконро дар дин рост мекунанд. Ин кор корест шадидан савоб, ба хости Худованд. Ва аммо магар мавлавиҳое, ки ба онҳо 10 млн мардуми мусалмони кишвар гӯш мекунад, оё онҳо ҳам бояд мавзӯъҳои кӯдаконаро аз ин минбари баланд ба сари мардум бор бикунанд ва ё чизе ин ҷо намерасад. чизе хатост??

Мушкил шадид ва рӯҳафтодакунанда аст, бародарони гиромӣ. Имрӯз марди тоҷик, чӣ ҷавон ва чӣ бузургсол, посухҳои пуршумори ақидавӣ дорад, болои маънои зиндагии марди мусалмон, болои ҷомеъаи ҳалоли мусалмонӣ, болои фарз будани ҷиҳод ва даргирӣ ба хотири сарзамин, ба хотири хок, ба хотири миллат, ба хотири кишвар, ба хотири аҳли байт, ба хотири иззат, ба хотири дин, ба хотири Худованд. Масъалаҳои ба таври шадид пуршуморе дар зеҳни марди тоҷик, дар қалби марди тоҷик, дар вуҷуди марди тоҷик ҷамъ шудаанд, ва марди мусалмони тоҷик ба ҳамаи ин суолҳо посух меҷӯяд. Марди мусалмоми тоҷик ба таври шадид раҳгумзада шудааст ва роҳи халосиро аз ин ҳоли табоҳаш ва из ин ҳама шармандагӣ ва хориву зории зиндагиаш, мехоҳад пайдо бикунад. Агар ту мавлавии воқеъӣ бошӣ, агар ту худта мавлавии сатҳи миллӣ метарошӣ, пас чаро хомӯш астӣ, ака?? Пас чаро худта ба нодонӣ мезанӣ, ака?? Пас чаро қасдан аз суолҳо, аз мавзӯъҳои миҳимме, ки қалби марди тоҷикро танг кардаанд, мегурезӣ, акаҷон?? Ба ту Худованд, илмро барои чӣ ато кардааст, акаҷон?? Барои он, ки ту ин ҳама илмро пинҳон бикунӣ?? Чаро, ки метарсӣ? Аз тоғутҳо бештар аз Худованд метарсӣ?? Агар итарӣ бошад, агар аз Тоғут бештар аз Худованд тарсидӣ, пас худта мавлавӣ нагӯ. Пас аз худат мавлавӣ натарош. Ҳамаи ту. Ҳоҷи Мирзо ҳастӣ, Эшони Нуриддин ҳастӣ, Тураҷонзода ҳастӣ, ва дигару дигараш. Аз худатон мавлавӣ натарошен. Он ҳама акаҷонҳое, ки аз Тоғут тарсиден, шалворатонро пур карден, илми асосиро пинҳон карден, ва мешинен, ва беохир аз минбарҳои баландтарини кишвар болои масоили кӯдакона гап мезанен. Гӯё, ки дар ин кишвар мард вуҷуд надорад ва ҳама саросар кӯдаканд. Бас будагист.

Дар ин матлаб ман аксеро мемонам аз масҷиде дар шаҳри Пешовари Покистон. Мардум аз тоҷикҳои мо дида ҳам камбағалтар зиндагӣ мекуанд. Аммо як дона марди мусалмони паштуни он ҷо 1000 дона тоҷики мора зада мегурезонад. Ба чеҳраҳо нигаҳ бикунед. Муқоиса бикунед ба чеҳраҳои камнур ва беҷуръати мардони тоҷикӣ дар масоҷиди тоҷикӣ. Фарқ аз замин то осмон аст. Ин ба хотири он, ки мавзӯъҳои хутбаҳо дар масоҷиди Покистон ва Афғонистон дигар аст. Фарқи ин мавзӯъҳо бо муқоиса бо он, ки мавлавиҳои мо доранд, аз замин то осмон аст. Ин аст мушкил. Ин аст фарқ байно мо ва байни миллатҳои боиззати исломӣ дар Покистон, дар Афғонистон, дар кишварҳои арабӣ, дар Эрон.

Ин матлабро банда дар асоси комменте дар зери видеои ман, навиштам, чун ин коммент ангезаи шадиде барои ман буд. Коммент ин аст:

«уламохои Точикистон як умр корашон фикхи асгар таълим додан аст. Хеч неки мардум намозу тахораткуниро ёд бигаранд ))) Боз мегуям, дар диёре, ки олимаш таёр нест ба монанди шайх атТарифи, алАлвон, Мутаваккил, Дои, Росих, Муслимёр, Ниёзи ва дигарон барои эхёи каломуЛлох зиндону шаходатро дар минбархо мардонавор ба душ гирфтан, баъидаст дар он диёр мучохидини ростин пайдо шуданаш!»