Кишвари “Тоҷикистон” истеҳсоли русист

Мардум мепурсанд: “Хайр, шумо дар бораи ришвахорӣ, дуздии ҳаққи мардум, фасод гап мезанед, аммо як мегуфтед, ки роҳи халосӣ дар куҷост, охир. Бе шумо ҳам мо худамон медонем, ҳоли Тоҷикистони мо чӣ аст”. Албатта хушҳол мешавам, ки ба ман ҳамин гуна суолҳои мушкилу печидаро бовар мекунанд. Гап болои фасод хеле зиёд аст, дар тамоми гӯшаи дунё, на фақат дар Тоҷикистони мо. Дар ҷаҳони имрӯза ин қадар кишварҳои хурду бузург зиёд шудааст ва дар аксари ин кишварҳо фасод густарда аст, ба вежа дар он кишварҳое, ки аврупоиён дар ҷои мустамликоти худ бунёд кардаанд, тӯли панҷоҳ то сад соли ахир. Тоҷикистони мо ҳам яке аз он кишварҳоест, ки дар ҳудуди мустамликоти аврупоиҳо ва бо тарҳрезии онҳо пайдо шудааст.

Русҳо вақте, ки “Таджикистан”-ро сохтaанд, онҳо онро барои мо насохтаанд, онҳо онро барои худ сохтаанд, бо он мақсад, ки рӯзе ин сарзамин куллан русӣ бишавад ва ба моли онҳо табдил биёбад. Гуфтагӣ барин, то ҳол зиёде аз русҳо Тоҷикистони моро моли худ медонанд, ки аз воқеъият чандон дур ҳам нест, чаро, ки кишваре, ки мо фикр мекунем, моли мост — кишвари “Тоҷикистон” — куллан истеҳсоли русист, яъне Made by Russians. На фақат хатти мо русист, забони мо аксенти русӣ дорад, тарзи тафаккур ва суханронии мо русист, фарҳанги мо русзадаст. Панҷоҳ дарсади дӯстони фейсбуки ман, ки худ тоҷик ҳастанд, русӣ менависанд, чун қодир нестанд бо забони форсии тоҷикии худ афкорашонро ҳатто ба таври хаттӣ ба роҳатӣ изҳор бикунанд. На фақат одатҳои мо ва ҳатто сабки ғазохӯрии мо русӣ шудааст. Миқдори водкае, ки тоҷикҳои мо нӯши ҷон мекунанд, ҳатто дар бисёре аз кишварҳои ғайримусалмони ғарбӣ дида намешавад. На фақат он матлаб, ки барои аксари тоҷикҳои мо маркази фарҳангӣ ва маънавишон Маскав аст, на Макка. Ба фикри банда, мушкил ҷиддитар аз ҳамаи ин аст.

Решаи фасоди имрӯза ба ҳаводиси сад сол қабл аз ин рафта мерасад — вақте, ки кишварҳои суннатии сарзамини Мовароуннаҳр — Бухоро, Хоразм ва Фарғона — аз тарафи русҳо забт шуда буд. Мовароуннаҳр, яке аз манотиқи калидии Дор-ул-ислом, ки ба уммати мо Имом Бухорӣ ва “Саҳеҳ”-и ӯро тақдим карда буд, пурра хароб карда шуда буд ва ин сарзаминро русҳо шомили минтақаи наве карда буданд, ки худи онҳо онро эҷод карда буданд, бо номи “Средняя Азия”. Дар Средняя Азия-и худ русҳо якчанд-то устони худро сохта буданд, ки “Таджикистан” яке аз онҳо буд. Кулли ниҳодҳои суннатии давлатӣ ва иҷтимоии минтақаи Мовароуннаҳр, ки аз дини мубини ислом ва қавонини шариъат маншаъ мегирифт, хароб ва ба ошғол ҳаво дода шуда буд. Чаро, ки русҳо бо худ ниҳодҳои русии худро оварда буданд, то дар ин минтақа ба сари мардум насб бикунанд.

Ниҳодҳои давлатии русӣ аз ҳамон дини худи русҳо — мазҳаби ортодоксии шарқии дини масеҳӣ маншаъ мегирад. Ҳамзамон, русҳо ҳамчун яке аз дурафтодатарин ва ваҳшитарин ақвоми аврупоӣ, бисёре аз падидаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии худро аз аврупоиҳои ғарбӣ иқтибос кардаанд ва он ҳама фарҳанг ҳам бар сари худаш ба мазоҳиби мухталифи дини масеҳӣ мерасад ва ба фарҳанги бумии мо иртиботе надорад. Ҳамин тавр, решаи ҳамаи ниҳодҳои давлатие, ки имрӯз Тоҷикистони мо дорост, масеҳист ва ғайриисломӣ аст. Яъне, соддатар карда бигӯем, кулли ниҳодҳои давлатие, ки имрӯз мо дорем, аз диди фарҳанги бумии мо “ҳалол” нест, чун решаи ҳамаи он аз “куфр” хестааст. Барои ҳамин ҷои тааҷҷуб нест, ки мо ҷашнҳои масеҳиро ин қадар бо ҳаловати том ва пурдабдабба ҷашн мегирем. Масалан “Новый Год”, ки рӯзи таваллуди худои масеҳиён Исои Масеҳ аст (мо ҳама медонем, ки паёмбари мо Исоро масеҳиён худо мешуморанд). Барои ҳамин аст, ки рӯзи муқаддаси Ҷумъа дар кишвари мо рӯзи истироҳат нест. Барои ҳамин аст, ки ниҳодҳои давлатии мо ин қадар исломситез ва исломҳарос ҳаст.

Оё мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин ниҳодҳои побарҷой мо давлате дошта бошем, ки воқеъан корӣ бошад ва кишвари моро ба таври бояду шояд мудирият бикунад? Оё мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин ниҳодҳо инсоф вуҷуд дошта бошад? Оё мешавад, ки ин ниҳодҳо аз фасод ва дуздии ҳаққи мардум худдорӣ бикунад? Оё барои ин ниҳодҳо мардуми мусалмони тоҷик “худӣ” метавонад бишавад? Ва, ин ниҳодҳо, оё ҳавасманди пешравӣ ва тавсеъаи мо тоҷикҳоро буда метавонад? Мабодо-ку мо тоҷикҳо рушду пешравӣ бикунем, воқеъиятро рӯшантар бифаҳмем ва ин ниҳодҳои давлатиро ба ватанаш Русия аз тариқи қатораи Душанве-Маскав ба таври иҷборӣ бифиристем? Суолҳо зиёд аст ва посухҳо ё, ки вуҷуд надорад ва ё, ки аз изҳори он мо ҳама метарсем ва худдорӣ мекунем. Шахсан ман ҳамчун як одами кӯчак наметавонам ба ин суолҳо посухҳое шоиста ва фарогиранда бидиҳам. Мунтаҳо, фикр мекунам, ки ин мавзӯъ шоистаи баррасист ва саъй мекунам дар ёддоштҳои баъдии худ болои ин мавзӯъ афкори худро ин ҷо бикорам ва дӯстонро ҳам ба музокира бикашам, то ба моҳияти ин ҳама масоъил ҳамроҳ ва сарҷамъ як миқдор рӯшанӣ бияндозем.

Оставьте комментарий