Набарди интернетӣ

Имрӯзҳо мухолифини урупоинишини тоҷик саросар аз по уфтодаанд ва дар ҳолати нокаут қарор доранд. Ҳукумати Раҳмон пирӯзиашро дорад ҷашн мегирад ва мушакҳои интернетии худашро дар рӯбарӯи чашми мардум дар саҳнаи маҷозӣ зеб медиҳад. Хуш ба ҳолаш, чӣ бигам? Ҳукумат пирӯзиро дар ҷое ба даст овардааст, ки касе наметавонист пешбинӣ ва тасаввур бикунад — дар фазои маҷозии интернет. Қаҳрамони асосии ин ҳама пирӯзии ҳукумат шахси шигифтоваре аст бо номи Додоҷони Атовулло. Ин шахс тавонистааст ашхоси калидии мухолифини урупоинишинро тӯли моҳҳо ва ҳатто солҳо гӯл бизанад ва кулли иттилооти арзишманде, ки ҳам ба ҳаёти хусусӣ ва ҳам ба фаъъолияти сиёсии онҳо марбут аст, бо як соддагӣ ҷамъоварӣ бикунад ва ба ҳукумати Тоҷикистон интиқол бидиҳад.

Албатта, кайҳост, мардум бохабар буданд, ки фаъъолияти фейсбукии Додоҷони Атовулло ба таври куллӣ ҷаълӣ шудааст ва ӯ хеле зиёд намояҳои “фейк”-ро роҳандозӣ кардааст.  Аммо ба зеҳни касе намезад, ки ин шахс кайҳост ба ҷосуси калидии ҳукуматӣ дар байни мухолифин табдил ёфтааст ва ба таври пурра барои ҳукумат кор карда истодааст. Ба таври пурра, яъне ҳар рӯзи худо мерафтааст ба дафтари махсуси ҳукумат дар яке аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон, ки дар он ҷо компютерҳои зиёде мавҷуд будаанд ва дар он ҷо аз тариқи фейкҳояш бо мухолифин бозӣ-бозии «дӯстона» мекардааст. Фейкҳое, ки гоҳе ҳамчун зан ва гоҳе  ҳамчун мард амал мекардаанд. Гоҳе гӯё ҷонибдори мухолифинанд ва ҳукумати акаи Раҳмонро дурӯғу рост танқиду тавҳин мекунанд. Гоҳи дигар фейкҳои ӯ гӯё одами ҳукуматӣ астанд ва ашхоси мухолифро тавҳин мекунаду дашном медиҳад, ва ҳатто ба таври хусусӣ таҳдиди қатл ҳам мекунад. Албатта дар он дафтаре, ки Додоҷон кор мекунад, ӯ худаш танҳо нест. Ҳамроҳи ӯ тими махсусе кор мекунад, ки аз Тоҷикистон овардаанд, то ба ӯ кӯмак бикунад. Яъне ин ҷо, бубинед баччаҳо, акаи Додоҷон моҳҳо ва солҳо мешвад, ки воқеъан як тими ҷосусии интернетиро мудирият мекунад ва муқобили кулли мухолифини ҳукумат муборизаи хеле нозук ва шадидро мебарад. Барои ӯ ҳама чизро муъайё кардаанд — таҷҳизоти ҷосусии чинӣ, мушовирони ҷосусии русӣ ва ёрдамчиҳои ҷосусии тоҷикӣ.

Face-II

Ҷои таъаҷҷуб нест, ки дастовардҳои фаъъолияти акаи Додоҷон ва тими ҷосусияш боварнакарданӣ аст. Алон тамоми сирру асрори касбиву хусусии мухолифин, махсусан аз ашхоси калидии ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, дар ихтиёри ҳукумат аст. Иттилооте, ки инҳо ҷамъ кардаанд барои бадном кардан ва ба нести кашидани сад ҳизб ва ҳазор нафар мухолиф басанда аст алон. Бароиҳамин, марҳилаи ҷосусӣ имрӯз ба таври бояду шояд ба анҷом расидааст ва дигар ниёзе барои иттилоъоти иловагӣ намондааст. Марҳилаи навбатӣ шурӯъ шудааст – ҳуҷум, таҳдид, шикаст ва таслим. Ҳамин аст, ки ҳукумат бо ёрии акаи Додоҷон ба ҳуҷум гузаштааст. Ҷои таъаҷҷуб нест, ки алон ҳукумат бо истифода аз фейкҳои пуршумори тими ҷосусии Додоҷон, аз ҲНИТ қатъан исрор карда истодааст, ки нағзӣ ба нағзӣ таслим бишавад, ба Тоҷикистон баргардад ва ба ҳизби навбатии кисаӣ мубаддал бишавад. Вагарна, мегӯяд ҳукумат, мо иттилооте дорем, ки ҳамаи шуморо шарманда ва несту нобуд хоҳад кард.

Ҳамин гуна, албатта наметавонӣ ангушти ҳайрат нагазӣ ва ба ҳукумати Раҳмон «Офарин» нагӯӣ. Офарин, бачаҳакои акаи Раҳмон, қанд занед, чӣ бигам? Хайр, мухолифин-чӣ? Чӣ шуд ба ҳамаи онҳо? Ҳамаи ин моҷарои ҳайратангез, албатта, шохиси заъифии аҳзоби мухолифи урупоинишин аст, махсусан ҲНИТ. Зоҳиран, ҳизб қодир набудааст аминияти оддитарини иттилоъотии худашро барқарор нигаҳ дорад ва худашро аз ҳамлаҳои иттилиъотии ҳукумат муҳофизат бикунад. Савол ин ҷо он аст, ки баччаҳо, шумо он ҷо дар Урупо чӣ кор мекунед ва ба чӣ кор машғулед?? Мисли Додоҷони Атовулло мехоҳед 25 сол бекорхӯҷа дар ҳамон Урупоҳо бигардед ва аз дасти он масеҳиён нони муфт бихаред, бо умеде, ки рӯзе мӯъҷизае иттифоқ меуфтад ва шумо ба Тоҷикистон бо сари баланд бармегардед?? Мисли он сари баланде, ки имрӯзҳо ин бачаи шӯрбахту бадбахт Додоҷони Атовулло дорад?? Ё, ки чӣ? Мақсади шумо чӣ аст, баччаҳо? Валлоҳи қасам, ки ман ҳеҷ чизро ҳеҷ нафамидам. Бовар кунед, мухлиси шумо ҳамеша будам ва то ҳол ҳастам, ва танҳо дуъогӯи шумо ҳастам. Дӯстона мепурсам, чӣ шуд ба шумо, бародарон??

Саволҳо роҷеъ ба ҲНИТ албатта зиёд аст. Дар Тоҷикистон ҳизбро мамнӯъ карданд, оре, пас чаро, шумо ба кишварҳои масеҳӣ рафтед ва аз дасти онҳо нон пурсидед ва паноҳандагии онҳоро дархост кардед? Фикр мекунед масеҳиён шуморо дар муборизаатон алайҳи ҳукумати Раҳмон дастгирӣ хоҳанд кард?? Раҳмоне, ки ҳиҷобу ришу масҷиду Қуръонро бад мебинад ва занони нимбараҳнаву Соли Наву Рождестворо дӯст медорад? Фикр мекунед Раҳмон иттилоъоти хусусӣ ва касбии шуморо фақат аз дасти акаи Додоҷон гирифтааст? Фикр накардед, ки шояд 90 дарсади иттилоъоти марбут ба шуморо ҳамин мақомоти урупоӣ ба дасти одамони Раҳмон расонидаанд?? Ҳар як қадами шумо-ку дар зери назорати урупоиҳост, аз тариқи Google Map. Ҳар як сухани шуморо аз тариқи интернет ва гӯшиҳотон ин масеҳиён мечинанд ва сабт мекунанд ва дар тоқчаҳои компютери худ ҳифз мекунанд, то он вақте, ки лозим шуда монад. Шумо чӣ фикр кардед? Фақат Дододҷон маҳорати сабти он ҳама сӯҳбатҳои шумо дар ҳузури ӯст?

Хайр, шуморо дар Тоҷикистон мамнӯъ карданд ва террорист хонданд, пас чаро ба Афғонистон барнагаштед? Чаро худатонро ба набарди воқеъӣ назадед? Ё аз мурдан метарсед ва ҳаёти ин дунёро хеле зиёд дӯст медоред? Имони мову шумо куҷо шуд, азизонам? Мо-ку худамонро исломӣ мехонем ва худамонро ба халқ ҳамчун мусалмон муъаррифӣ мекунем? Аз ин ҳама суханрониҳои шумо, ки мисли нутқҳои Брежнев аст, ба кӣ фоида мерасад? Ба худи шумо? Ба халқ? Ба кӣ? Азизонам, ба ҳеҷ кас. Ба ҳеҷ кас на суд меорад на зиён.

Мана ҳамин акаи Додоҷон, ки тамоми ҳаёташ ҳамин гуна бозӣ-бозӣ буд.  Тӯли ин ҳама 25 сол аст ин акам ҳеҷ кор намекард. Аз дасти масеҳиён нони муфт мехӯрд. Вақте, ки шикамаш гурусна мемонд, як-ду бор ба тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун саг ак-ак мекард, то масеҳиёнро қонеъ бисозад, ки “мубориза барои озодӣ”-ро бурда истодааст ва нондиҳиро ба даҳони ӯ фаромӯш накунанд. Тамом, дигар ҳеҷ чиз. Ҳамчун як саги дарбадар дар лаби дари масеҳиён. Як фаъъолияти пучу холӣ. Шумо чӣ кора ҳастед, наҳзатиҳо? Дар Урупо ягона коре, ки шумо метавонед анҷом бидиҳед, ҳамин “мубориза” бо гапҳои пучу холӣ аст. Чаро, ки агар шумо ба фаъъолияти воқеъӣ шурӯъ бикунед, ва барои худо ва динаш муборизаро оғоз бикунед, барои халқ ҷоннисорӣ бикунед, пас урупоиҳо дигар ба шумо нон, паноҳандагӣ ва пул намедиҳанд. Интихоб дар дасти худи шумост. Ё муборизаи воқеъӣ ҳамроҳ бо халқ. Ё бозӣ-бозиҳои сабки додоҷонӣ. Ё, ки баргардед ба Тоҷикистон ва як ҳизби кисаӣ бишавед, Раҳмон шуморо бо нон, пиджакҳои ялаққосӣ ва мошинҳои жигулии ялаққпсӣ таъмин хоҳад кард, ана маишат карда мегардед.

Аммо он вақт халқ худаш муборизаро давом хоҳад дод. Бидуни шумо, ҷанобони Ҳизби наҳзати исломӣ.

Интихоб дар дасти худи шумост.

Имтиҳони худованд ҳамеша ҳамин ҷост.

Худованд раҳнамои мову шумо бошад.

Оставьте комментарий