Мухолифин: бозгарданд ва ё бознагарданд?

Оё масъалаи “бозгаштан” ва ё ’бозгардониадани” мухолифин ба як пули пуччак меарзад??

Фикр намекунам.

Пас чаро ин ҳама ҳаёҳӯй? Ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи мухолифин?

fake.jpg

Аз тарафи ҳукумат ин ҳаёҳӯйро Хадамоти амнияти ҷӯр мекунад. Ягона ҳадафи ин ҳама ҳаёҳӯй ҷалб кардани таваҷҷӯҳи Пешво аст, намуде аз гузориш аз тарафи Хадамоти амниятӣ, то ба Пешво нишон бидиҳад, хадамот машғули корҳои “муҳим” аст. Яъне ин ҳама моҷаро як чизи намоишӣ ва пуч аст.

Ҳукумати Тоҷикистон албатта ягон барномаи мушаххасеро барои бозгардонидани мухолифин ҳеҷ гоҳ надоштааст ва надорад ва ин кор барои ҳукумат лозим ҳам нест. Мухолифине, ки дар Урупо ҳастанд барои ҳукумати Тоҷикистон аҳамияте ва ё арзише надоранд, чаро ки комилан безарар ҳастанд. Арзиш ва вазни мухолифин танҳо дар чашмони камтаҷриба ва соддалавҳонаи худи онҳост ва аз ин доира берун намеравад. Ҳама мебинанд, ки фаъъолияти мухолифин дар кишварҳое дурдаст сурат мегитад ва асососан интернетӣ ва компютерӣ аст. Наворҳои онҳоро мардуми тоҷик асосан ба хотири саргармӣ нигоҳ мекунанд, бидуни часпонидан ба воқеъияти зиндагиҳошон. Фаъъолияти мухолифини таъсири амиқ ва ангезишпазире ба ҷомеъаи тоҷикӣ ба таври куллӣ надорад. Мавзӯъҳое, ки дар наворҳо матраҳ мешавад, мавзӯъҳои комилан маъмӯлӣ ҳастанд ва ҳарфи тозае ва илҳомбахшеро дар он ҷо мардум пайдо намекунанд. Мавзӯъҳое, ки бидуни ин наворҳо ҳам ҳама аз он огоҳанд.  Мухолифин қодир нестанд паёмҳоеро эҷод кунанд, ки қодир бошанд мардумро ба таври басанда ангезиш бидиҳанд ва онро ба таври густарда ба иқдоми ҷиддӣ ва аммо хатарзое сафарбар бикунанд. Аксарияти мухолифини урупоӣ баччаҳои ҷавоне ҳастанд, ки на дониш ва таҷрубаи кофӣ доранд, на идроки мунособ ва болиғонаи воқеъиятро. Ин аст, ки қодир нестанд паёми таъсиргузореро эҷод бикунанд ва ба мардум инриқол бидиҳанд. Ин аст, ки ҳаёт аз диди ин баччаҳакҳо як чизи содда ва осон аст. Ин аст, ки муборизаро онҳо “бозича” мефаҳманд.

 

 

Суол он аст, ки барои чӣ Хадамоти амниятии Тоҷикистон ин ҳама гузоришҳои намоишӣ ва бардурӯғро лозим дорад.

Ин ҷо ду нуктаро бояд таъкид кард.

1. Хадамоти амниятӣ қодир нест ба чолишҳои замона ба таври ҳирфаӣ посухгӯӣ нишон бидиҳад. Манобеъи инсонии муносиб дар чаҳорчӯби ин хадамот вуҷуд надорад, чун ҳамаи ашхос аз тариқи ҷӯрабозӣ ва маҳалдӯстӣ ҷамъ карда шудаанд. Сатҳи ҳирфаии ин ҳама мардуми бесавод ва кӯчагӣ аз фаъъолиятҳои намояндагони онҳо дар ҳамин Фейсбук комилан рӯшан аст (ба комментҳои яке аз ин баччаҳакҳо дар зери наворҳои ман таваҷҷӯҳ бикунед 🙂 ). Барои Хадамоти миллӣ ҷӯр кардани моҷароҳои бардурӯғ ва истифода аз онҳо ҳамчун гузориш дар рӯбарӯи Пешво ягона илоҷест осон ва камхарҷ ва ҳамчунон дастрас барои инҳо, то Пешворо мӯътақид бисозад, ки фаъъолияти “шадид” бо “террористоне” ба монанди Муҳиддини Кабириву ҲНИТ ва баччаҳакҳои гурӯҳи 24 дар ҳоли пешравӣ ва тавфиқ аст. Бо мақсади он, ки Пешво аз буҷаи хонаводагияш, бубахшен, “давлатӣ”, сармоягузориашро болои бекорхӯҷаҳои Хадамори амниятӣ дареғ надорад ва шербаччаҳои амниятӣ бе даромади муфт, ки хеле чашмрас аст, гуфтагӣ барин, намонанд. Аз ин лиҳоз мухолифин ашхосе нестанд, ки аз онҳо Хадамоти амниятӣ эҳсоси нигаронӣ дошта бошад. Баръакс, Хадамоти амниятӣ мухолифини комилан безарари тоҷикиро дӯст дорад, махсусан оқои Кабирӣ ва ҲНИТ-ро, чаро ки аз онҳо барои моҷароҳои бардурӯғи худ мешавад истифода бурд ва медонӣ, ки ин мухолифин ҷуръат надоранд пашшаеро аз нуки бинии Пешво дур бисозанд. Ҳамаи ин мухолифини ба гуфти худашон “шерони нар”, чӣ хеле ку дар зери аксҳои худ дар кӯчаҳои урупоӣ худро бо ифтихор ном мебаранд.

2. Боз як нуктаи дигар он аст, ки Пешвои миллат, зеҳни ин бечора кайҳо хароб шудааст, аниқтараш, он зеҳни аз аввал ќӯчаку заъифро ҳамин хадамоти мухталифи ҳукуматии Тоҷикистони мо кайҳо пӯсонидаанд. Чӣ як қишлоқибачаи хубе буд ва имрӯз чӣ шайтонеро аз ин бачча сохтаем, шарм бар мо тоҷикҳо. Зеҳни хубро бо гузоришҳои бардурӯғ ва фиребзанандаи худ каҷ сохтаанд. Тамоми хадамоти давлатии Тоҷикистон — аз амниятӣ шурӯъ карда то ҳарбӣ, иқтисодӣ, омӯзишивӣ парваришӣ, беҳдоштӣ, додгустарӣ ва ғайраву ва ҳоказо — кулли гузоришоте, ки ин ҳамаи хадамоти давлатӣ ва Пешвошон мефиристанд, бардурӯғ аст. ва ин ҷо ҷои таъаҷҷуб нест, ки Пешвои инҳо имрӯз дар “дунёе” зиндагӣ мекунад, ки бо воқеъият иртботе надорад. Ин аст, ки ту наметавонӣ гузоришҳои воқеъиро ба ӯ бифиристӣ, чаро ки „дунёи” Пешво қодир нест ин гуна  гузоришотро бипазирад. Чаро, ки зиндагӣ барои ин мардакаи бадбахт кайҳо пур аз пероҳанҳои рангобаранги занони тоҷик, оҳангҳои якнавохти тӯлонӣ ва рақсу бозии беохир шудааст. Ин аст, ки Хадамот маҷбур аст, махсусан барои Пешвои худаш моҷароҳои бардурӯғро ба монанди “баргардонидани ҷавонон аз сафи ДОЪИШ»  ҷӯр бикунад, расонаӣ бикунад, то Пешво ин ҳама моҷароҳоро тамошо бикунад, як бори дигар қалбаш аз ин эҳсоси ширин лабрез бишавад, ки чӣ гуна ӯ як Пешвои беҳамтое ва Исои Масеҳи замонае аст ва чӣ гуна ӯ як Хадамоти амниятии ҳирфаиеро доро аст, ки маъоши болотаринро дар Тоҷикистони мо сазовор аст.

Ҳаёҳӯй аз тарафи мухолифин.

Мухолифин чаро ба ин моҷарои бардурӯғ ҳамроҳ шудаанд? Ба назар менамояд, ки бечораҳо хаста шудаанд. Онҳо, ки аз аввал фикр мекарданд, ҳама чиз содда ва осон аст дигар, ҳама чиз бозича аст. Аммо рӯзҳо гузашт, моҳҳо гузашт ва ҳатто солҳо ҳам гузашт, ва ҳеҷ кас ба ҳеҷ куҷой нарасид. Урупоиҳо инҳоро ба Тоҷикистон наоварданд ва президент накарданд. То ҳамаи инҳо “бо сари баланд” ба ватан баргарданд. Бо ёрии урупоиҳо, аҳли яҳуд ва насоро. Ба ҳамаи саъю кӯшиши инҳо нигоҳ накарда, ки инҳо «мусалмони ифротӣ» нестанд, ҳатто мусалмо ҳам шояд нестанд — мана на риш доранд ва на ба масҷид наздик мешаванд. Демукросиро дӯст доранд ва пойбанди ҳуқуқи башар ва озодии занон ва дигар гурӯҳҳои мазлуми ҷомеъа ҳастанд.

 

Ҳамчунон, халқи тоҷик ҳам қиём накард дигар, 150 ҳазори дигар қурбонӣ надод, то инҳоро аз Урупо фарёд бикунад ва бар сари худ президент бисозад. Чаро, ки халқи тоҷик касеро “беҳтар” аз инҳо надорад-ку. Ҳамчунон, ин оқоён аз аввал барномаеро ҳам надоштанд, гуфтагӣ барин, на дар рӯҳ коғаз, на дар диски компютер, на дар зеҳни худ. Плонҳои А, Б В-ро ҳам надоштанд, ки агар плони А пеш нарафт, ба плони Б даст бизананд. Бешак, тасаввуроте ҳам надоштанд, ки “барнома” чист ва планҳои А, Б, В чӣ маъно дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дигар аҳамияти зиёд ба мухолифинро қоил нест, чун мӯътақид шуд, ки ин ҳама наворҳои ютюбӣ касеро илҳом намебахшад ва касеро ангезиш намедиҳад. Дар боло қайд кардем ,ки чаро Хадамоти амнияти ин моҷарои бардурӯғи “бозгардонидани мухолифин” роҳандозӣ кард., танҳо ҳамчун гузориши гӯлзананда ба Пешвои аз воқеъият дурашон.  Аммо мебинӣ, ки мухолифин қодир нестанд ин воқеъияти соддаро дарк бикунанд. Ин аст мушкилӣ, дар ҳамин ҷо мушкилии мухолифин шурӯъ мешавад. Мухолифин ин гузоришҳои пучи Хадамотро хариданд, ба он такя карданд ва аз он моҷарои бузургтареро ҷӯр карданд. Ин аст хулласи гап.

Ин ҷо чизи қобили таваҷҷӯҳе вуҷуд надорад, бештар аз худгӯлзанӣ. Мухолифин талош мекунанд аҳамият ва арзише дошта бошанд, ҳаддиақал дар рӯбарӯи худашон. Ва ин ҷо ғазое барои қаноъатманд кардани ин талабот аз тарафи Хадамоти амниятӣ пайдо шуд, ғазое болаззат ва аммо хом, бардурӯғ ва ҷаълӣ. Аммо мухолфин дӯст доштанд ба он такя бикунанд ва фаъъолияти худро дар ин заминаи бардурӯғ ба пеш бурданд. Шояд кори дигареро ҳам надоштанд дигар. чаро, ки заҳнҳо аз идеяҳо холист. Илоҷе дигар намондааст дигар. Мухолифин идомаи худи ҳукумат шудаанд, ба таври ноогоҳона.

Аҷаб дунё. Ин ҳама моҷароро наметавонӣ мазҳака ном барӣ ва ё фоҷиъа.

Мардуми тоҷик аз чаҳор тараф гӯл зада мешавад. Ба таври самимона. Чун гӯлзанандаҳо қасдан касеро гӯл намезананд. Онҳо нахуст худашонро дар доми гӯлзании худашон қарор медиҳанд. Пас занҷираҳои гӯлзани ба ҳам пайваст мешавад ва қавми тоҷикро аз чор тараф иҳота мекунад. Аз Хадамоти амниятӣ ба Пешво меравад. Аз Пешво ба мардум. Аз тариқи телевизиюнҳо. Аз телевизиюнҳо ба мухолифин. Аз мухолифин ба Хадамоти амниятӣ. Доира аз як нуқта шурӯъ шуд ва ба ҳамон нуқта баргашт. Ҳамин шудааст зиндагии мо тоҷикҳо имрӯз. Намефаҳмӣ ҳақиқат куҷост ва ботил бо кист.

Мардуми тоҷик дигар моту маҳбут монда.

Куҷо биравад? Чӣ кор кунад? Ба кӣ бовар бикунад?

Моту маҳбут. Бесоҳиб, Беҳадаф. Дар мобайни ҳеҷ чиз.

Оставьте комментарий