ҚАДАМ ИСМАТОВ, ЧӢ ЧИЗ ХАТО РАФТАЙ??

Мардакворӣ, баччако. Ба ростӣ ҳайронам, аз як тартаф. Оқои Қадам Исматов як баччаи мисли худам прастой, аслаш аз як қишлоқи кӯҳистонӣ, воқеъан мӯрчаро озор намедиҳад. Пас, чаро ҳукуматиҳо дунболи ӯ мегаштаанд, им нечего делат, чтоли? Не?
Дуруст аст, ӯ бисёр менависад, дар ҳар куҷо, дар зери ҳар матлаб, баҳудаву беҳуда ва баҷову беҷо, аммо дӯстдоштанӣ ва ҳамаи ин чизҳо аз қалби зебо аст. Дили мардак ба халқаш месӯзад ва аз рӯи тавоноии худаш талош мекунад дигар. Мардакворӣ, намехом ин ҷо дурӯягӣ бикунам, мехом ҳаққро бигӯям, баччако. Кулли коштаҳои ӯ комилан беозор буданд ва ягона вокуниш аз тарафи дӯстон ин маҷмаъаи иброзҳо аз нимтабассум то ханда буду бас. Бори маънавии зиёдеро дар он ҷо намедидӣ, ва ин амр лозим ҳам набуд. Баъзе вақтҳо мо воқеъан ашхосеро мисли ӯ лозим дорем танҳо ба он хотир, ки ҳастанд ва фазоро пур мекунанд, ва онро  осонтару роҳаттар мекунанд. Коштаҳои ӯ касеро озор намедод ва нороҳат ҳам намекард. Мӯътақидам, ҳукуматиҳо ҳеҷ гоҳ ба ӯ таваҷҷӯҳи зиёд ҳам намекарданд, ва шояд ҳамроҳ бо ҳама табассум мекарданд ва ё механдиданду бас.
Қадам
Пас, чӣ чиз ин ҷо хато рафт ва кӣ аз фаъъолияти ин марди беозор нороҳат шуд? Барои кӣ ба нести кашидани ӯ маъно дошт ва дивиденди сиёсӣ метавонист оварад? Мавқеъи киро қавитар мекард?? Рӯшан аст, ки ҳукуамтиҳо ин ҷо иртиботи мустақим надоранд, илло ҳамчун иҷрокунандагони барномаи касе дигар.
Посух ба ин суолҳои боло имрӯз баром рӯшан шуд. Яке аз одамони Муҳиддини Кабирӣ ба банда таҳдид карда гуфт: «Тақдири ту ҳам мисли тақдири Қадам Исматов хоҳад шуд». Фаҳмиден, баччаҳако?? Яъне: «Тура ҳам мисли ин аблаҳ ба нестӣ хоҳем кашид».
Фаҳмо шуд дига, не?? Воқеъан фаҳмо шуд, ҳама чиз ногаҳон баром ҷобаҷо шуд. Қадам Исматовро барои зашугат кардани дигарон нест карда истодаанд. Ҳукамтиҳо не, Муҳиддини Кабирӣ. Технически, ин ҷо ишколе вуҷуд надорад. Зиёд одамонеро аз мухолифини тоҷик кайҳо мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ба Тоҷикистон истирдод кунонида меистанд. Махсусан аз гурӯҳҳое мустақил ба монанди гурӯҳи 24 ва аз шахсиятҳои алоҳидае, ки ҷуръат доранд ҳақуқатро гап зананд.
Ин ҷо, шакке вуҷуд надорад, ки иртиботи наздик байни баъзе аз аъзои Паймони Миллӣ ва ҳукуматиҳо вуҷуд дорад ва онҳо бо ҳам ҳамкории наздик ва муфид доранд. Яъне шумо ба бизнеси мо чира намешен, мо ба бизнеси шумо. Шумо охундои аҳмақа гӯл зада пул кандан гирен, аммо мора ба таври ҷиддӣ танқид накунен, майли ака? Мо ҳам шумора фақат танқиди дӯстона ва фоидаовар мекунему бас. Даст даста мешноса. Даста те ака, биё тоҷикӣ када, маладес. Тшшш, рӯшанфикрои содда нафаҳаманд, ки пипец меша барои ҳардуи мо.
Яъне ҳадафи ба нестӣ кашидани ин марди беозор худи ин мард нест. Бо ба нестӣ кашидани Қадам Исматов ин зарба задан аст ба он ҳама гурӯҳҳо ва шахсиятҳое, ки мустақиланд ва ҷуръат доранд алайҳи Гурбангулии фейсбукии тоҷикӣ оқои Муҳиддинқулӣ Кабирбердигулиев гап бизананд. Махсусан оқоён Додоҷони Атовулло ва Муҳаммадрасул. Ва на танҳо ба онҳо. Оқои Муҳиддинқулӣ Кабирбердигулиев дар фикри табдил додани фейсбуки тоҷикӣ ба як фазои пурра тоталитарии мисли Туркманистон аст, ки дар он ба ғайр аз мадҳу санои худаш набояд чизе дигар кошта бишавад, ва зодрузҳои ӯ ва аҳли хонаводаи ӯ як ба ҷашни миллии пуршаҳомати фесбукии тоҷикӣ табдил ёбад. Шумо шояд тааҷуб кунед, ки чаро дар боло ман «Туркманистон» гуфтам на «Тоҷикистон». Тоталитаризми фейсбукии тоҷикӣ кайҳо сахттар аз тоталитаризми воқеъии ҳудуди худи Тоҷикистон шудааст имрӯз. Все пискнут боятся. Ва ҳадафи навбатии оқои Муҳиддинқулӣ Кабирбердигулиев расидан то сатҳи Туркманистон аст. Ва ин ҳама чархофалакҳои тоҷикӣ бо иштироки ҳамаи мо мегзарад, гуфтагӣ барин. Чӣ кор кунем, мо ҳамин будаем, ҳар куҷо нарафтем, кори мо ҳамин будай, ба ғайр аз гусфандхонаву говхона сохтан, аз дасти мо ҳеҷ чиз намеомадааст. Чаро, ки мо кӣ ҳастем? Бале, офарин, мо саросар чумарикҳо ҳастем. Мага не, чумарикҳои азиз ва мӯҳтарам?? Бале, чумарикҳо, маладес.

Оставьте комментарий