Системаи мудирии дузд

Якчанд афкор болои Паймони Миллӣ (собиқ ҲНИТ), ки воқеъан худаш бар сари худаш таҷассуми ҳолати ақидавӣ ва равонии миллати тоҷик имрӯз аст, ба он маъно, ки ҳарчӣ, ки Паймони Миллӣ аст, мо тоҷикҳо воқеъан ҳамон астем. Ва ин ташкилоти ба истилоҳ «мухолиф» воқеъан як нусхаи майдаҳаки Ҳукумати Тоҷикистон аст, давоми Ҳукумати Тоҷикистон аст, ва аз ин беш нест, мутаасифона. Таваҷҷӯҳ ва таҳлил болои фаъъолияти Паймони Миллӣ моро ба сӯи худи Тоҷикистон мебарад ва масъалаи бисёр ҷиддии мо тоҷикҳоро имрӯз бароямон ошкор месозад.

corruption-800x500_c

Чӣ хеле, ки мо ҳама огоҳем, Ҳукумати Тоҷикистон ба маънои томаш воқеъан «ҳукумат» нест, балки як гурӯҳи молӣ ва ҷиноист, ки бо истифода аз одамоне, ки 10 миллион сар ҳастанд, ва дар ҳудуди ин «ҷумҳурии» сохтаи русҳо зиндагӣ мекунанд, ва бо истифода аз номи ин одамҳо ва аз худи ин одамҳо, воқеъан бизнес мекунад, на бештар аз ин. Схемаи ин бизнес содда аст. Аз Хонавода шурӯъ мешавад ва баъд аз ин борҳо ва борҳо такрор мешавад, то дигар ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва тавлидӣ, донишгоҳҳо, марокизи фарҳангӣ, тиббӣ, динӣ ва омӯзишӣ, ва ғайраву ва ҳоказо, аз боло ба пойин, аз чап ба рост.

Яъне мувофиқи ин схема, сармояҳои мухталиф аз ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатии кишварҳои мухталиф барои пуружаҳои пуршумор ҷалб карда мешавад, ки ин пуружаҳо гӯё барои пешравии сокинони ин ҷумҳурӣ ва барои беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти онҳо таҳия карда шудаанд.

Аммо воқеъият он аст, ки алакай дар марҳилаи навиштани пуружаҳо, ҳама иштироккунандагон огоҳ ҳастанд, ки он сармояе, ки онҳо онро дархост доранд, воқеъан барои ҷайби хусусии онҳост ва он пуружае, ки онҳо дар ҳоли навиштан ҳастанд, воқеъан пуружае хоҳад буд бардурӯғ. Ва ҳамаи ин одамон хеле хуб медонанд, ки барои «гузориш» додан онҳо бояд як чизи бардурӯғеро бо сарфи 1/10 ҳиссаи сармоя бояд эҷод бикунанд, то сармоягузоронро қонеъ бисозанд.

Схемаи манзур як схемае аст, ки дар ин ҷумҳурӣ амре шуда маъмулӣ ва касе ин схемаро ҳеҷ гоҳ зери суол намемонад ва ҳама муътақиданд, ки ин ҳама пулҳо ҳаққи ҳалоли ин одамҳо аст.

Ин аст, ки зиндагии кулли системаи мудирияти ин ҷумҳурӣ имрӯз ҳамин шуда. Ин аст, кулли мухолифини тоҷикӣ, вақте, ки банда ба фаъъолияти бардурӯғи фейсбикии ПМ (Паймони Миллӣ) ишора кардам, онҳо ҳама дар ҳайрат буданд, ки «что тут такого, ин одамҳо маладес, пул кор карданд, ҳаққи ҳалоли онҳост, ош шавад, нӯши ҷон. Шумо акаи Одиназода як одами соддае беш нестед».

Яъне ба сари касе намезанд, ки ин пул, ки ба хотири халқ ҷалб шудааст, моли халқ аст, ва бунёд кардани чизҳои бардурӯғ ва роҳӣ кардани фаъъолиятҳои бардурӯғ барои халқ дуруст нест, балки гуноҳе аст азим ва ин ҷинояте аст нобахшиданӣ. Ва ҳамчунон, касе аҳамият намедиҳад, ки дуздидани қисми асосии ин пул бар ҷайбҳо ин пулҳоро барои ин одамҳо ҳаром месозад.

Аз як сӯ, бало ба паси ин бизнес. Бигзор ҳар чӣ барошон роҳат аст, анҷом бидиҳанд, инҳо худашон дар рӯбарӯи Худованд ҷавоб хоҳанд гуфт. Ҳамзамон, ин аъмоли ҳаром паёмадҳои ҷиддиеро эҷод карда истодааст, ки кулли халқи тоҷик нархи онро пардохт карда истодааст.

Ин на фақат аз он сабаб, ки  чун ҳама пулҳои барои халқ ҷамъшуда ҳамеша ҳамчун як амри маъмулӣ дуздида мешаванд, ҳам саросари кишвар ва ҳам берун аз он (дар мисоли Паймони Миллӣ), ва дар натиҷа Тоҷикистони мо беш аз 20 сол мешавад дастоварди чашмрасеро ҳанӯз надидааст, чӣ дар риштаҳои моддӣ ва чӣ дар риштаҳои маънавӣ. Ба ҷои ин Тоҷикистони мо пур шуда аз чизҳои фейк ва бардурӯғ шудааст, ки ба касе лозим нест ва суде надорад, аз сохтмонҳо ва пуружаҳои иқтисодӣ шуруъ карда то марокизи тиббӣ, пажӯҳишӣ, фарҳангӣ, ва то аҳзоби сиёсӣ, ҳукуматӣ аст ва ё мухолиф (дар мисоли Паймони Миллӣ).

Паёмади ҷиддитар он аст, ки кулли мудирияти ниҳодҳои чӣ ҳукуматӣ ва чӣ мухолиф (дар мисоли Паймони Миллӣ) имрӯз ҳаром аст ва дар шакли гурӯҳҳои ҷиноӣ ташкил шудаанд ва вазифаи асосии худро дар ҷалб кардани пул бо истифода аз номи халқ ва тақсим тақсими он байни хешу ақрабо ва руфақои худ  мешиносанд.

Ин ҷо, халқи тоҷик дар ҳеҷ куҷо умуман матраҳ нест, болои ҷомеъаи тоҷикӣ касе фикр намекунад, ғами ҷомеъаи тоҷикиро касе намехӯрад. Дар бораи ояндаи халқи тоҷик касе калла об намекунад чун барои ин ҳама гурӯҳҳои ҷиноӣ танҳо ояндаи худи онҳо маъно дорад. Болои пешравии маънавию моддии халқи тоҷик касе намеандешад чун барои ин ҳама гурӯҳҳои ҷиноӣ пешравии тоҷик ҷолиб нест ва баръалс хатарнок аст.

Ва паёмади дигар он аст, ки ин гурӯҳҳои ҷиноӣ, «ҳукумат» ҳастанд ва ё «мухолиф», онҳо воқеъан на ин астанд ва на он, яъне воқеъан на ҳукуматанд ва на мухолиф. Инҳо бо халқи тоҷик ва дарди дили он на ошно ҳастанд ва на барошон ин гуна чизҳои хастакунанда ҷолиб аст. Инҳо бизнесмене беш нестанд ва гуруҳе сирфан молӣ ва ҷиноӣ. Толко бизнес.

Ин аст, ки ҳаёти инҳо дур аз ҳаёти халқо тоҷик мегузарад, ба ин ҳама фаъъолияти шадиди бардурӯғи интернетӣ ва расонаӣ нигоҳ накарда. Ин одамҳо иртиботи самимона бо халқи тоҷикро надоранд, чун ягона ҳадафи инҳо гӯл задани халқ аст, ки мабодо «касе нафаҳмад». Ин аст, ки ба танқидҳо аз тарафи мардум вокуниш нишон намедиҳанд ва ягона вокуниши инҳо ба мунаққидон ва норозиён ин ба таври ҷисмонӣ нест кардани онҳост. Ба дигар чиз инҳо қодир нестанд. ба мусоҳиба, мубоҳиса ва диалог ин гина одамҳо қодир нестанд чун зарфияти зеҳнии кофӣ надоранд ва воқеъан тасаввуроте ва дониши маъмулие болои мафоҳими интизоӣ ба монанди ҷомеъа, фарҳанг ва динро надоранд. Барои инҳо ин ҳама ҳиз лозим ҳам нест, чун ин бизнес пули осон ва бедардимиёнро бидуни ин ҳама дониш ва маҳорат овардан мегирад дигар.

Ва, ахиран, ин гурӯҳҳои ҷиноӣ, як тими барои ҳамешагӣ шахшудаи худро аз хешу ақрабо ва руфақои худ ҷӯр кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ дигар намешавад. Агар мутаваҷҷеҳ бишавед, гардиши манобеъи инсонӣ (ротатсия кадров) дар ин гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳеҷ гоҳ мушоҳида намешавад ва дар ба рӯи одамҳои бегона аз берун барои ҳамешагӣ баста аст. Ва аз ҳама муҳим, пешвои ҷиноии ин гурӯҳҳо (крестний отетс) барои ҳамешагӣ дар мавқеъи худаш мемонад, чун ин гуна ташкилот бояд шадидан пинҳонкор ва боэҳтиёт бошад ва наметавонад ба худаш иҷоза бидиҳад, ки пешвои худашро дигар бикунад. Ин аст, ки ин гуна гурӯҳҳои ҷиноӣ пешвоёне доранд якумрӣ ба монанди Кабирӣ ва Раҳмон.

Ин аст Тоҷикистони мо имрӯз. Агар мо тоҷикҳо хоҳиш дошта бошем, ки вазъиятамон дигар бишавад, мо бояд қабл аз ҳама аз ин схемаи дуздӣ ва гулзании халқ даст бикашем. Мо бояд кулли ин одамҳое, ки дар ин системаи мудирият кор кардаанд ва феълан кор мекунанд, аз сари қудрат дур бикунем ва онҳоро барои ҳамешагӣ аз ба даст овардани вазифаҳои давлатӣ манъ бикунем. Ва системаи мудирияти ҷадидеро бо ҷалби одамони ҳалол, муъмин ва мусалмон, роҳандозӣ бикунем. Худо мададгор.

Оставьте комментарий