«Ба хун омадем, ба хун мерем»? — хайр, гуфти шумо шавад.

Имрӯзҳо зиёде аз тоҷикони мо мутаваҷҷеҳи он мешаванд, ки чӣ гуна ҳамаи моро фазои шадидан дурӯғин иҳота кардааст. Ҳар куҳо нигаҳ накардӣ, он дурӯғин аст ва ба ҳар касе, ки нигаҳ накардӣ ӯ дурӯғин аст. Ҳатто онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ту худат ва ҳамроҳи ту миллатат ба онҳо умед мебастанд ва онҳоро таҷассуми шарофат, иззат ва шуҷоъат мешумурданд ва ба онҳо ҳамчун мояи халосии миллат нигаҳ мекарданд. Аммо ногаҳон барои ту ошкор мешавад, ки воқеъият, мутаасифона, бераҳмона дигаргун аст ва ба таври таккондиҳанда баръакс аст. Ту, ва ҳамроҳ бо ту миллати ту, ногаҳон бохабар мешаванд, ки ҳамаи моро тӯли солҳои тӯлонӣ моҳирона гӯл мезадаанд ва аз пушти намояи зебошон моро ба таври густарда ғорат мекардаанд ва муқаддасоти моро мефурӯхтаанд.

адл

Суол ин ҷо он аст, ки чаро корҳо ин тур шуд, чаро касе надид, нафаҳмид, таваҷҷуҳ накард, аҳамият надод. Чаро касе дузд, ҳаром ва хоинро нашинохт, ӯро маҳкум накард, танбеҳ надод, ба қазовати исломӣ накашид, дур наандохт, несту нобуд  накард? Чаро, баръакс, баъд аз фурӯхтани ҳазорҳо беҳтаринҳо ва таслим кунонидани онҳо ба душман, баъд аз фурӯхтани 150 ҳазор нафар қурбонии ин миллат, баъд аз ба нести кашидани муқаддасот ва аҳдоф, баъд аз андӯхтани миллюнҳо дулор ва шарикони худро дар ихтири душман монда фирор кардан аз сарзамини аҳли имон ба сарзамини аҳли куфр, чаро баръакс баъд аз ҳамаи ин корҳо, ин одамҳо ҳанӯз куншона дар фарқи сари ин миллат монда нишастаанд ва бо истифода аз номи ин миллат маза маза карда гаштаанд, ва худшона аз ҳама чиз боло мондаанд, аз миллат, аз ахлоқ, аз қавонин, аз қазоват. Ва ҳамара задагианд. Решаи ин ҳама масхарабозиҳо болои ин миллат чист ва дар куҷост? Биёед болои ин мавзӯъ гап бизанем.

Бояд иқрор шуд, ки омили асосии ин ҳама масхарабозиҳо бо ин миллат, албатта, худи ин ҳама одамҳои дар боло тавсифшуда нестанд. Қабл аз ҳама ин миллат худаш гунаҳкор аст, ки ин гуна нухбагонеро дорад, ки ҳама саросар ҳаром, дузд, беахлоқ, бесавод, ва бемасъулият астанд. Ҳамзамон, фикр мекунам решаи мушкилот як миқдор печидатар аст. Чаро мо ин гуна нухбагони шадидан пучро дорем? Чаро, ки шароит ҳамин аст, шароити байналмилалӣ ва шароити миллӣ. Дар ин шароит касе иҷоза намедиҳад, то ин миллат нухбагони ҳалолеро дошта бошад. Он шароите, ки соҳибони куфрии ин миллат, қабл аз ҳама русҳо, барои ин миллат роҳандозӣ кардаанд, иҷоза намедиҳад, то нухбагони воқеъӣ аз батни ин миллат билохира бисабзанд ва ин миллатро билохира озод бикунанд.

Равиши аҳли куфр содда аст. Онҳо танҳо одамонеро барои ин миллат тарғиб мекунад ва болои ин миллат бор мекунанд, ки онҳо воқеъан пуч астанд, воқеъан қодир астанд ин миллатро дар зери назорат ва нуфузи аҳли куфр нигаҳ доранд. Онҳо ин гуна одамонро мушаххас мекунанд, пеш тела медиҳанд, онҳоро ба таври молӣ дастгирӣ мекунанд, ва аз тариқи расонаҳои харидашуда чарх мезанонанд. Ва ҳамин аҳли куфр астанд, ки ҳамеша дар ҳоли ба нести кашидани одамони ҳалоли ин миллат ҳастанд, то одамони ҳалол ба ин одамони «худӣ»и аҳли куфр халал нарасонанд. Ин ҳама пуштибонӣ ва дастгарии молии одамони пучро аҳли куфр  «кӯмак» ба миллати тоҷикҳо мехонанд, бо вуҷуди он, ки ин ин кӯмак воқеъан кӯмаке нест, чизе баръакс аст.

Ин ҳама чиз ниёзи вижае барои «нухба» будан барои ин миллат эҷод мекунад ва  кайфияти вижаи инсониро лозим дорад. Яъне агар хоҳӣ, ки то болоҳо бирасӣ ва дар он ҷо бимонӣ, пас хислатҳои вижаеро бояд дошта бошӣ, ба мисли, қабл аз ҳама, пулдӯстӣ, пулшиносӣ, пулшуморӣ ва пулпарастӣ. Ва ту бояд комилан содиқ бошӣ, на ба миллати тоҷик, балки ба онҳо. Ту бояд хидматкори ва муздури моҳир ва хуб бошӣ. Ту бояд аз муқаддасот ва арзишҳои миллати худат дур бошӣ, аммо ҳамзамон миллататро мӯътақид бисозӣ, ки ту бо онҳо ҳастӣ.

Ин аст, ки кулли нухбагони мо имрӯз ҳамин астанд. Пуч, ҳаром, дузд, хоин, шӯҳратталаб, муздури бегонагон, ки кулли муқадассоти ин миллатро ҳамеша қодир буданд ба ду пули пуч бифрӯшанд, ва имрӯз ҳам ҳамин астанд. Фарқ надорад дар куҷо ҳастанд, дар Тоҷикистон ва ё дар Урупо, ва фарқ надорад худшона чӣ ном мебаранд, ҳукуматӣ ва ё мухолиф.

Ва «дӯстон»и ин миллат «кӯмак»и зиёдеро ба тоҷикҳо таҳвил медиҳанд ва дареғ намедоранд, то ин ҳама нухбагони мо дар ҷову мартабаи худ бимонанд, ва Худо накарда нухбагони дигаре ба ҷои онҳо бисабзанд. Ва ин аст, ки кулли нухбагоне, ки мо имӯз дорем, хеле хуб ҷои рӯғании худро дар ин чархофалаки сохтаи аҳли куфр пайдо кардаанд, ва онро хеле зиёд дӯст доштаанд, ва ба назар мерасад, ки ба таври содда онро намехоҳанд аз даст бидиҳанд. Ва шиъор ҳам аз ин тараф, чам аз он тараф, аз ҳар тараф як аст: «Ба хун омадаам, ба хун меравам». Ва мо ҳам ҳамира мегем баччако: «Бигзор гуфти шумо шавад».

 

 

 

 

Оставьте комментарий