Австролиё

 

Аҷаб кишварест Австролиё. Маро бо чеҳрае пуртабассум истиқбол кару ба оғӯш бигирифт. То ҳадде, ки, валлоҳ, шарм доштам. Ман, ки тӯли як соли ғиёб ин гуна сафарҳои зиёде дошта будам, ин гуна моҷароҳои зиёду пурталотумро аз сар гузаронида будам, фикр мекардам, дар фурӯдгоҳ ҳадди ақал бояд боздоранд ва пурсуҷӯ бикунанд. Ба писарам Манучеҳр гуфта будам, ки тақрибан як соъат пас аз нишасти ҳавопаймо биёяд, чун, фикр мекардам, гизаштанам аз контроли паспортӣ бояд тӯлонӣ бишавад. Фикр карда будам, биё ришамро битарошам, як дона шортик ва футболкаи остинкӯтоҳеро бихараму ба бар бикунам ва дар фурудгоҳ бо хушрӯии сохта “Hello, mate, how are you?” бугӯям. Аз бало ҳазар дигар. Ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон аз сарам гузашта буд, маро шадидан эҳтиёткор ва каҷбовар карда буд. Тасаввуротам дар бораи ин дунё ва воқеъоти гирду атроф дигар шуда буд — ба гунае шадидан тиратар ва беэътимодтар. Эътимод ба худам ҳам кам шуда буду ҷуръати пешинаи худро аз даст дода будам, то дараҷае, ки ҳис мекардам нигоҳамро аз одамон мегурезонам. Ҳамчун як ҷиноякор, гунаҳкор, намедонам, ҳамчун як одами паст. Метарсидам, ки, худо накарда, боз ягон ҳодисаи ногуворе рӯй диҳаду рӯҳи ин қадар варшикастаи маро харобтар бикунад.

with-children

“Welcome back!” – бо ханда гуфт хонуми нозири фурӯдгоҳ ва ба сӯи дари баромад ишора кард. Ҳатто ба риши натарошидаи ман ҳам нигоҳ накард. “Бозгашт муборак” … ҳама чиз бо ин осонӣ тамом шуд, аҷаб. Қаблан баром ин ҳама ҳаводис воқеъан як чизи маъмулӣ буд – бе мушкилӣ гузаштан аз контроли фурудгоҳҳо, бидуни ҳеҷ мушкилӣ ба даст овардани раводидҳо ба кишварҳои мухталиф, бидуни ҳеҷ мушкилӣ дар донишгоҳҳо ба кор шурӯъ кардан. Ин дафъа бошад ба ин ҳама саддагии кору бори фурудгоҳӣ бо як таъаҷҷуб нигоҳ мекардаму мегуфтам “Худоро шукр, корам барор гирифт, ура!”. Дунёи имрӯза ҳамин аст, мо барин мутахассисонро як миқдор “мутакаббир” мекунад. Кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани мутахассисон мубориза мебаранд ва мо барин пешакорон аз ин фурсати хуб, албатта, истифода мебарем. Чаро ки на?. Мунтаҳо, албатта на ҳама кишварҳо мутахассисонро лозим доранд. Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки аз мутахассисон метарсанд ва онҳоро ҳарчӣ зудтар аз қаламраву худ берун меандозанд. Мутаваҷҷеҳ шудед, албатта, манзурам чӣ аст.

Маро Австролиё бо баҳори сентябрияш истиқбол кард. Баҳори ин ҷо аз сентябр то ноябр тӯл мекашад ва тобистонаш тӯли моҳҳои декабр-январ-феврал давом мекунад. Мо-ку дар ин тарафи дунё ҳастем. Ҳама чиз баръакс аст. Ҳатто ситораҳои осмони мо куллан дигар аст. Писарам барои гирифтани ман ба фурудгоҳ ниҳоятан ҳозир шуда буд. Як соли дурӣ аз писар, як миқдор ба ҳаяҷон омада будам. Писарам ҳам, ки бар хилофи ман шахсест камсухан ва ҷиддӣ, ба ҳаяҷон омада буд, аммо зоҳиран ором менамуд. Ба чеҳраи ӯ менигарам ва мебинам, ки ришу фашаш зиёд шудааст ва ба марде куллан ховаримиёнаӣ табдил ёфтааст. Мошаллоҳ чӣ зоҳири мусалмонӣ дорад. Фикр мекунам, ин дафъа ҳатман ҳамроҳи писарам ба масҷид меравем. Мошин дар роҳҳои ҳамвори Австролиё гӯё мепарад. Аз ҳузури писар назди худ лаззат мебарам ва худоро шукргузорӣ мекунам, ки зиндаву саломат ба дидораш расидаам. Ба ростӣ, мутмаъин набудам, ки то ин марҳилаи ҳаётӣ мерасам. Махсусан тӯли рӯзҳои охирин дар Тоҷикистон, вақте хабар доданд, ки гӯё киллерҳои Доношгоҳи тиббӣ дунболи ман гаштаанд. Аммо алъон ин ҷо менишинам ва ба соддагии худам механдам, ки чӣ гуна зудбоварона ба тарсу ҳарос афтида будаам. Фикр намекунам Донишгоҳи тиббии мо киллерҳои худашро дошта бошад. Аз ханда мемурӣ, дигар.

Рузи дигар тасмим гирифтем, биравем кафеи назди ӯқёнӯси Ҳинд ва қаҳва бинӯшем. Мисли вақтҳои хуши қаблӣ. Духтарамро туи мошини худ бо таҳлука мунтазирам. Дӯсти афғониам Осифи Иброҳим, ки ба хариду фурӯши мошинҳо машғул аст, тӯли як рӯз баром як мошини дилхоҳамро пайдо кард. “Дар бораи пулаш ғам нахӯр, вақте, ки худатро ҷобаҷо кардӣ, медиҳӣ”. Духтарам пайдо мешавад ва мебинам, ки як миқдор дар тарсу ҳарос аст. Ӯ аз мазҳабитар шудани ман як миқдор нигарон шудааст. Мошинҳои тарқиботии ғарбӣ, русӣ ва тоғутӣ имрӯз мардумро қатъан зеҳншӯӣ кардаанд, дигар. Дар ёд дорам, дар Қазоқистон, вақте, ки китоби Қуръонро ба бачаҳои қазоқ нишон будам ва пурсида будам, оё онҳо медонанд, ки ин китоб чист, ба тарсу ҳарос афтода буданд ва гуфта буданд: “Мо ин гуна чизҳоро намехонем, мо террорист нестем”. Куҷо расад ба духтари ман, ки пурра дар дохили фазои тарғиботии ғарбӣ зиндагӣ мекунад. Мебинад, ки падараш ҳамон падари қаблист, бо лабони пур аз хандаву шӯхӣ. Мебинам, ки ором шудааст ва бо чашмони сиёҳи тоҷиконааш ба ман имтиҳономезона менигарад. Худоё чӣ духтари зебо ва хушмуомила аст, Фарзонаҷони ман. Дар ёд дорам, семоҳа буд ҳамроҳи модараш аз Тоҷикистон ба Русия оварда будам. Модараш бо ҳамон сару либоси суннатии қишлоқии Кӯҳистони Исфараи мо ба Русия омада буд – дар сар рӯймоли калон, дар бар куртаи васеъи тоҷикӣ ва дар пой кафши сурхаки латтагӣ бо номи “иринка”, агар дар ёд дошта бошед. Як калима ҳам рӯсӣ намедонист. 25 сол қабл аз ин. Имрӯз ин зан он қадар австролиёӣ шудааст, ки ҳатто забони тоҷикии маро гӯё намефамад. “Гавары пе-русски, так лихче”. Намедонам бихандам ва ё гиря бикунам.

Аз ронандагӣ дар Австролиё лаззат мебарам, махсусан дар роҳҳои соҳилии назди ӯқёнӯси Ҳинд. Аз ӯқёнӯс бӯи моҳӣ меояд. Каферо Фарзона интихоб карда буд, субҳонаҳои болаззат мепухтаанд. Мисли рӯзҳои қаблӣ барои худам қаҳваи “сиёҳ” (Long Black) суфориш медиҳам, барои Манучеҳр қаҳваи “капуччино” (Capuccino) ва барои Фарзона қаҳваи “сафед” (Flat White). Мегӯям лутфан қаҳваҳоро дар левон биёред, на дар фунҷон. Мехоҳам бештар қаҳва бихӯрем ва тӯлонитар ҳамсӯҳбат бишавем. Ҳамин фарҳанги “қаҳваӣ”-и Австролиёро дӯст дорам. Мардум ин ҷо дӯст доранд барои нӯшидани қаҳва ба кафеҳо бираванд. Бисёре аз гуфтушинидҳои тиҷорӣ, илмӣ ва ё ҳунарӣ дар кафеҳо дар субҳи рӯз мегузарад. Дар Австролиё мардум қаҳваҳои фаврӣ ба монанди Nescafe-ро намехӯранд, чаро ки ин гуна қаҳваҳо ҳама “химия” аст ва ба қаҳваи табиъӣ иртиботи мустақиме надорад. Дар кафеҳои ин ҷо дуруст кардани қаҳва аз донаҳо шуруъ мешавад ва он қаҳвае, ки ба хидмати ту мерасонанд, ба таври тоза омода шудааст. Дар Душанбеи мо ҳам ин гуна кафеҳо оҳиста-оҳиста пайдо шуда истодаанд, гуфтагӣ барин.

ausbiotech

Ҳаёти австролиёӣ маро алакай пурра ба коми худ фурӯ бурдааст. Дар Донишгоҳи Австролиёи Ғарбӣ (The University of Western Australia) асноди ман ҷобаҷо шудааст ва ман аз рӯзи душанбе бояд ба кор шурӯъ бикунам. Имрӯз бояд биравам ва кордҳои қулфии дарҳои даромад ба бинои Маркази пажуҳишӣ ва худи Озмоишгоҳи энзимшиносии молекулавиро (Laboratory of Molecular Enzymology) бигирам. Кору бори донишгоҳи австролиёиам ҳам маро алъон ба ҳайрат меорад. Қаблан ҳама чиз баром амри табиъӣ менамуд. Раисам коғазҳои лозимиро барои ман аз раёсат гирифта омода карда буд. Рафтам ва имзои худро гузоштам, бо ҳамин кор тамом шуд. Котиба бо чеҳраи путабассум коғазҳоро қабул кард ва гуфт, вақте, ки омода шуд, ба ман емайл хоҳад фиристод. Оффисеро ҳам барои ман омода карда буданд, компютери қаблии худро, ки Mac буд, ба ман баргардониданд. Аксҳоро ба зуддӣ дар ФБ хоҳам гузошт. Тамом. Он пружае, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба навиштанаш шуруъ карда будам, ин ҷо хоҳам давом дод. Иншооллоҳ, ба хости худо, тӯли ҳамагӣ як ё ду моҳ ин пружа ба анҷом хоҳад расид ва ба навиштани мақолаи илмие барои яке аз маҷаллаҳои мӯътабари дунё, Biochemistry, шуруъ хоҳем кард. Пружа болои ҳамон мавзӯъи қаблии ман аст – вазифаи энзими метаболикии пируват карбпксилаза ва танзими он аз тарафи фаъъолкунандаи аллостерии он атсетил-КоА. Фикр мекунам, ки дар мақола номи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳам қайд хоҳам кард. Иншооллоҳ. Бигузор дар гузоршиҳои худ баччаҳои Донишгоҳи тиббӣ мақолаи манро ҳам истифода бибаранду обрӯ бигиранд. Ин донишгоҳро хеле дӯст доштам ва ифтихор мекунам, ки дар он ҷо муддати кӯтоҳ бошад ҳам, кор кардаам. Донишгоҳ бар сари худ айбе надорад, ки имрӯз давр даври ашхоси тасодуфӣ шудааст. Ин одамако меоянду мераванд. Аммо Донишгоҳи тиббӣ мемонад. Ба хости худованд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шаби Австолиё сарду боронӣ буд. Ба писарам тилфон мекунам, то ҳол хоб аст.

 

 

Один ответ на “Австролиё

  1. Устоди гироми Одиназода, аз хондани навиштахоятон лаззат мебарам. Пайваста аз Шумову он чи ки тули ин вакт гузашт тавассути нигоштахоятон инчо пайгири мекунам. Шумо худ як омили хавасмандиву бовари барои банда ва, мутмаинам, хазорони дигар шудаед имруз. Чун худ берун аз ватан хастам, ачаб хуб дарк мекунам андешахои Шуморо. Саломат бошеду сарбаланд. Бо эхтирому эътикоди самими,
    Худо нигахбони Шумо).

    Нравится

Оставьте комментарий