Ҳувияти исломситез ва русгаро

Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки гӯё “озод” ва “мустақил” аст. Ҳаддиъақал қаламраве дорад, ки бо марзҳое баста иҳота шудааст ва туи он гӯё “миллате” зиндагӣ мекунад, ки соҳибкишвар аст. Ин миллат албатта “ном” дорад, “забон” дорад в ҳамчунон “торих” ҳам дорад — “Торихи миллати тоҷик”. Вуҷуди ботинии миллат бо ҳамин чаҳорчӯбҳои маконӣ ва замонии хеле маҳдуд имрӯз ҷобарҷоост — “Ҷуҳурии Тоҷикистон” ва “Торихи миллати тоҷик”.

“Миллати тоҷик” – худи ҳамин ибора аз назари фарҳанги мо, ки исломист, хатост. Мо наметавонем бигӯем “миллати ман тоҷик” аст, чаро, ки бо ин мо мусалмон будани худро инкор мекунем. Миллати мо “мусалмон” аст, на “тоҷик”. Аммо қавми мо, бале, метавонад “тоҷик” бошад. Яъне мо метавонем ҳувияти қавмии “тоҷикӣ” дошта бошем.

Ин ҷо саволе пеш меояд, ки ҳамин ҳувияти қавмии “тоҷикӣ” аз куҷо сар задааст? Посух гӯё рӯшан аст. Чӣ тавре, ки русҳо моро фарҳехтаанд, ташаккули “миллати тоҷик” гӯё тӯли сулолаи Сомониён дар асри 9-ҳи масеҳӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ҳамон замон шурӯъ карда мо ҳама “тоҷик” шудаем. Албатта, худи мо, то он замоне, ки русҳо сад сол қабл аз ин ба сарзамини наомадаанд ва “тамаддун”-ро ниҳоятан бар сари одамоне “ваҳшӣ” мисли мо, наовардаанд, намедонистаем, ки “тоҷик” будаем, ҳаддиъақал аксарияти мо.

Аввалин чизе, ки русҳо барои “пешравии” мо анҷом додаанд, бозсозии ҳувиятамон будааст. Ҳувияти мусалмонии моро пурра мамнӯъ эълон кардаанд ва ба ҷои он ҳувияти нави “тоҷикӣ” эҷод кардаанд. Зермаънои ин пружаи русӣ он будааст, ки ин ҳувияти ҷадид аз дини ислом комилан ҷудо бошад ва ҳамчунон табиъати исломситезӣ дошта бошад. Нуктаи баъдӣ барои русҳо хеле муҳим будааст, чаро ки барои онҳо рӯшан будааст, ислом ягона нерӯе будааст, ки метавонистаст таҷовузкоронро мағлуб бикунад ва онҳоро аз сарзамони мо берун бияндозад. Аз ин лиҳоз, зудудани ислом аз қалб ва зеҳни мардуми мо аз муҳимтарини мақсадҳои русҳо будааст, ба хотири тасарруфи ниҳоии сарзамини мо.

Барои тақвияти русгароӣ ва исломситезӣ, русҳо барои мо торихи бисёр вежаеро дуруст кардаанд ва моро водор кардаанд, то онро биёмӯзем ва ҳамчунон насли ҷадиди худро дар мадорис ва донишгоҳҳоямон аз рӯи ҳамон торихи онҳо сохта тарбия бикунем. Дар натиҷа, дар қалб ва зеҳни мардуми мо ҳувияте рушд кардааст, ки аз бех русгаро ва исломситез будааст. Имрӯз, торихи шадидан тафреҳшудаи мо аз торихи воқеъӣ фарсахҳо дур аст. Мо имрӯз аз муҳимтарин ҳаводисе, ки тӯли торихи мо иттифоқ уфтодааст, бехабар ҳастем, чаро, ки торихамонро танҳо аз маҷмӯъаи он ҳаводисе дуруст кардаанд, ки бо ангоргони русӣ мувофиқат мекардаст, онро тақвият медодааст ва ҳамчунон ҳаққи мудирии русҳоро аз болои мардуми низ мо пуштибонӣ мекардааст.

Албатта шумо алон истидлол хоҳед кард, ки ин чӣ тур будааст, мо тоҷикҳо худамон торихамонро навишатем-ку, ва мисолҳо хоҳед овард ба монанди Айнӣ ва ё Ғафуров. Ин ҳама ашхос, садҳо, ё шояд ҳазорҳо нафари онҳо, ки тӯли замони шуравӣ ва баъд аз он, барои мо матолиби торихӣ навиштанд ва феълан ҳам навишта истодаанд, ҳамаи онҳо хидматгузорони Рус будаанд ва феълан ҳам ҳастанд. Рӯшанфикрони воқеъии мо 100 сол қабл аз ин ё аз тарафи русҳо кушта шудаанд, ё ба дигар кишварҳои исломӣ фирор кардаанд, ва ё ки ин ҷо монда бошанд ҳам, бо кофирон бо ҳеҷ ваҷҳ ҳамкорӣ накардаанд. Ашхосе, ки бо русҳо ҳамкорӣ кардаанд, ҳама саросар ашхоси тасодуфӣ ва фурсатталаб будаанд ва имрӯз ҳам ҳастанд.

Сад сол қабл аз ин, давраи вежаи торихие барои мардуми минтақа фаро расида будааст – давраи одамони тасодуфӣ. Ин даврa даҳсолаҳо идома кардааст ва то ҳанӯз барҷой мондааст. На фақат роҳбарони сиёсии мо имрӯз ашхоси тасодуфӣ ва хидматгузорони содиқи корфармоёни русии худ ҳастанд. Бахши умдаи маҳофили адабӣ ва илмии кишвар ҳам имрӯз аз ҳамонҳо астанд. Чаро, ки ҳамин ҳувияти русҳо сохта ҳувияти ин ҳама мардум будааст ва ҳаст. Ин аст, ки ҳамаи инҳо аз раванди бозгашти мардум ба ҳувияти бумии худ – ҳувияти мусалмонӣ — дар ҳаросанд. Чаро, ки ҳувияти мусалмонии мо ягона ҳувиятест аслӣ ва ба табиъати воқеъӣ ва торихи ростини мардуми мо такя мекунад. Инҳо ҳама мефаҳманд, ки бо бозгашт ба ҳувияти аслии худ, бо бозгирифтани кишвар ба дасти худ, бо расидани ҳаққ ба ҳаққдор, мардуми мо ҳамаи ин одамҳои тасодуфиро бедаранг ба сатли ошғоли торих ҳаво хоҳад дод. Барои ҳама аён аст, ки раванди табиъии торих чӣ аст, мо ҳама ба куҷо равона ҳастем ва манзили ниҳоии мо чӣ ранг хоҳад дошт, иншооллоҳ. Аммо ин тоифа бо ҳазор таҳлука даступоча мезананд ва саъй мекунанд муқобили ҷараёни торихӣ шино бикунанд. Ҳамроҳ бо сарпарастони русии худ. Чӣ одамони аҳмақеанд, на?

Лутфан матлаби зеринро, ки ба ин мавзӯъ наздик аст бихонен:

Чорчӯбаҳои зеҳнии тоҷикон

 

Оставьте комментарий