ЧАРО ОДИНАЗОДА АСПИ ЯККАТОЗИ СИЁСАТИ ТОҶИКӢ АСТ.

Бахшиш, албатта, ин матлаберо, ки шумо мебинед дар бораи худи банда аст ва таърифу достони худи худакам аст. Ман табиъатан як шахси шармгин ва пурҳаёе астам ва ҳеҷ гоҳ дӯст надорам дар бораи худам гап бизанам, аммо … шароит водор кадестай. Ман ҳеҷ гоҳ ҷоҳталаб набудам ва орзӯи «лидер» шуданро барои ҳеҷ кас ва дар ҳеҷ куҷо ҳам надоштам, аммо …

Ногаҳон бо шигифтии шадид дарк мекунӣ, ки то дар ҳамон ҷоӣ. Ту худат худатро ба он болоҳо намондӣ, балки душманон бо иқдомоти аҳмақонаи хеш аз ту ноогоҳона лидер сохтаанд, ва ту иҷборан бояд ин воқеъиятро бипазирӣ.

Маҷбур ҳастам ин матлаби кӯтоҳи таҳлилиро дар бораи худам бо дасти худам ин ҷо эҷод бикунам, чун имрӯз мо ягон дона расонае надорем, ки ҳаёти сиёсии тоҷикиро ҳаддиъақал ба таври пиримитив инъикос бикунанд. Расонаҳо ба таври кулли хомӯшанд, чаро, ки худашонро саросар фурӯхтаанд ва ба пойгоҳҳои огаҳиҳо дар бораи ҳаёти хусусии мансабдорон ва пулдорони тоҷикӣ табдил ёфтаанд: дар бораи ҷанозаҳо, ҷашнҳои арӯсӣ, гаҳворабандон, чукбуррон, арусбиёрон ва ғайраҳо.

Ангезаи ин матлаб суоли рафиқе дар Фейсбук буд, ки оё ман қодир ҳастам бо нафаре аз лидерҳои тоҷикии имрӯз «баттл»и сиёсӣ бикунам, ба таври зинда дар яке аз расонаҳо, «баттл», яъне battle, яъне «даргирӣ». Ангезаи ин суол матлабҳои пуршуморе, ки имрӯзҳо дар Фейсбук мечарханд, ҳастанд, аз тарафи оқои Додоҷони Аовуллоҳ ва рафиқонаш, ва ҳамчунон аз тарафи хешу ақрабои оқои Муҳиддини Кабирӣ. Ин ҳарду группировка, бо кафк дар даҳоншон ҳаёҳуи гӯшкаркунанда доранд, ки гӯе, якеи ино Ҳабиб бошаду, дигаш МакГрегор. Гӯё, ки ин мусоҳиба муҳимтар бошад аз боз як моӣарои дигар, ки он ҳам пуч аст: интихоботи Тоҷкистон.

Бояд қайд кард, ки ингуна чизҳо падидаи тозае нест. Ин ҳарду группировка ин гуна ҳаёҳуро ба таври муназзам, тақрибан ҳар шаш моҳ даре Фейсбук роҳандозӣ карда меистанд, ва сафҳаи Фейсбукро пур карда меистанд, аз номҳошон, аммо ҳеҷ гоҳ мусоҳибае намеороянд. Чаро намеороянд? Чаро, ки лозим надоранд, ин як, ва аз ӯҳдааш намебароянд, ин ду. Шумо, оё дидаед, ки Додоҷон ва ё Кабирӣ ягон видеои ногаҳониеро дар бораи худашон соз карда бошанд ва пешкаши мардум карда бошанд? Додоҷон куллан хомӯш аст ва аз даҳон боз кардан метарсад, чун ин «лидер»и милии тоҷикӣ баъд аз 30 соли фаъъолияти «сиёсӣ» ҳанӯз оддитарин маҳорати сиёсӣ, нутқ оростанро ёд нагирифтааст. Кабирӣ бошад, бидуни шак, метавонад ҳаддиъақал ҷумласозӣ бикунад, албатта ҷумалоте ҳарому ҳалол, ва «нутқ»еро ба мардум ироъа бикунад. Албатта нутқе, ки на худаш дар он чизеро фаҳмид, ва на мардум чизеро дарёфт карданд. Ва аммо ҳамзамон, ин мардуми соддаи тоҷикӣ фикр карданд: «Чӣ лидери донишманде дорем, ки нутқҳои ӯро мо одамҳои омӣ наметавонем бифаҳмем».

Хулласи гап, оростани «мусоҳиба» байни «лидер»ҳои тоҷикӣ худаш бар сари худаш як моҷарои пурғавғои гӯшкаркунандае аст, ки солҳо тӯл мекашад, бидуни ба воқеъият пайвастани ин «орзӯи деринаи халқи тоҷик». Ин гуна чизҳоро ин ҳама лидерҳои мо танҳо барои як ҳадаф лозим доранд: ба мардум хабар бидиҳанд, ки «Ай мардум, мо лидерҳои шумо ҳастем, моро фармомӯш накунед». Ба он хотир, ки барои инҳо дигар равишҳои додугирифт бо мардум вуҷуд надорад. Инҳо кайҳо банкроти ақидавӣ ҳастанд, аниқтараш инҳо ҳеҷ гоҳ дар намунакорҳои сиёсии худшон ҳеҷ гуна ақида надоштанд, аз ҳамон рӯзи аввал 30 сол қабл ас ин. Ва тӯли ин 30 соли тӯлонӣ ақидае дар ин каллаи холии инҳо пайдо нашуд, ки нашуд, мутаасифона.

Сабаби бар нӯки сиёсати тоҷикӣ расидани онҳо худи замонаи фурсатталаб ва пурталотуми солҳои 90 буд, ки он вақтҳо ҳар хари лаби кӯча метавонист биёяд ва аз худаш «лидер» бисозад. Ин аст, ки инҳо ҳама омаданд, ин ҷоҳоро ба даст гирифтанд, банд карданд, ва моҳирона тӯли 30 сол ин ҷоҳоро дар даст нигаҳ дошатанд. Бо равишҳои гуногун: аз бадномкунӣ ва дикредитатсия шуруъ карда то қатл, куштор, хабаркашӣ, ҷосусӣ. Ҳамчун сиёсатмадор нафаре аз инҳо ҳеҷ куҷо насабзиданд, чаро, ки лозим ҳам надоштанд.

Шароити иҷтимоӣ ва сиёсие, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, шароите буд, ки ба касе имконият намедод бисабзад: на ба сиёсатмадор, на ба мавлавӣ, на ба шоир, на ба олим, ба ҳеҷ кас. Инро на танҳо русҳо бо Эмомалӣ соз карданд, балки Кабирӣ ҳам яке аз нақшҳои асосиро бозӣ мекард. Додоҷон бошад, маишат мекард, ҳамчун ягона мухолиф, чун кулли таваҷҷуҳ ва сармоягузории кишварҳои манфиъатдор ба тарафи ягона мухолиф, оқои Додоҷони Атовуллоҳ, равона шуда буд. Ин аст, ки ҳоҷате барои оқои Додоҷон вуҷуд надошт, то кунашро аз кроват буланд бикунад ва болои худаш кор бикунаду оддитарин маҳоратҳои сиёсиро ҳаддиъақал ёд бигирад. Ин аст, ки имрӯз мо шахсеро мебинем, ки ҳама ҳамчун «лидер» мешиносандаш, аммо… Аҷаб дунё. Ин аст, ки Додоҷон ҳам ин майдони холиро дӯст медошт, хеле зиёд дӯст медошт. Маишат болои маишат. Ҳамаи лидерҳои солҳои 90 ин майдони сиёсиеро, ки биёбонро мемонад, ва дар он ҳеҷ чиз намерӯяд, хеле дӯст доранд, хеле ва хеле ва хеле дӯст доранд. Инҳо ҳама Раҳмонро ҳам дӯст доранд, русҳоро ҳам дӯст доранд, ин шароити созшударо ҳам дӯст доранд. Касе аз инҳо дигаргуниро намехоҳад, бовар кунед, каллаварамҳо. Ҷоҳои инҳо офтобак аст ва маишати инҳо хеле ширин аст.

Ин аст, ки инҳо ҳама Абдусаломи Одиназодаро дӯст надоранд. Шахсе, ки мавқеъи ҳамаи инҳоро ба чолиш мекашад, маҳорати сиёсии ҳамаи инҳоро ба чолиш мекашад, ва «лидер» будани ҳамаи инҳоро зери суол мегузорад, суоли хеле ва хеле ва хеле калон. Танҳо бу ҳузури худаш дар сиёсати тоҷикӣ, чун мардум Одиназодаро бо инҳо муқоиса мекунанд ва мебинанд, ки … ҳатто ҷои муқоиса вуҷуд надорад.

Ва инак бармегардем ба мавзӯъи асосӣ, ба мавқеъ ва бархӯрди Абдусаломи Одиназода бо ин ҳама кухняи гадюшинко. Ин ҷо ман мусоҳибаи хешро, ки ҳамчун коммент дар зери матлаби банда сурат гирифт мекорам.

Суол:

Батли шумо кай мешавад???

Одиназода:

Барои инҳо ҳанӯз «Одиназода вуҷуд надорад», «ӯ киай?» :))

Суол:

Шумо рақибро интихоб кунед, дигар он тарафаш мухлисо мавзуъро ба Озодӣ мерасонанд.

Одиназода:

Қаблан бо Кабирӣ дӯст медоштам мусоҳиба кунем. Имрӯз на. Баъд аз он, ки ҳамроҳ бо хешу ақрабояш ба ман ҳамла ташкил карданд, ягона роҳи мусоҳиба бо ҳамаи инҳо через дулю автомата.
Бо Додоҷон? Ӯ кӯдаки наврасера мемонад дар ҷисми одами бузургсол. Аниқтараш ҷисмаш ҳам ҳамон ҷисми навраси 12 сола аст. :)))). Недоразвитие?
Раҳмон? Оё дидаед, ки тӯли ин 28 сол ӯ бо касе мусоҳиба карда бошад? Дуруст аст ман ҳам надидаам.
Хулласи гап рақиберо дар рӯ ба рӯи худ намебинам.


Ман худамро дар сиёсати тоҷикӣ аспе яккатоз эҳсос мекунам.