Чаро ба Тоҷикистон баргаштам

Шаш моҳ мешавад, ки ҳама мепурсанд: “Чаро баргаштаӣ, Австралия хуб набуд магар?”. То ҳол саргум мезанам ва намедонам чӣ ҷавоб диҳам — ҷавобе, ки содда бошаду сӯҳбатро тӯлонӣ накунад. Чаро, ки ҳар ҷавобе, ки ман ба ҳамсӯҳбатон  ироъа мекунам, онҳоро ба тааҷҷуб меораду саволҳои ҷадидеро дар зеҳни эшон изофа мекунад. “Чаҳор ҳазор дулор маош магар хуб набуд?” – ба ман ҳамчун ба аҳмақ менигаранд. “О ҳама кӯшиш мекунанд аз ин ҷо гурезанду шумо бошед…” – сарзаниш мекунанд.

Дар ҳақиқат чаро баргаштам? Ҳамонро яқин медонам, ки тасмимам қатъӣ ва ниҳоӣ будааст ва тӯли солҳо будааст, ки дар зеҳнам пухта мерасидааст. Ҳамон баром рӯшан аст, ки бозгашти ман иқдоме ногаҳонӣ набудааст, чӣ тавре, ки бисёриҳо мумкин аст дар оғоз тасаввур мекардаaнд. “Оқои Абдулсалом, гарав мебандем се моҳ тӯл нахоҳад кашид, шумо аз он ҷо мегурезед” – мегӯяд оқои Алии Биноӣ, муҳосиби эронитабор, қабл аз ихроҷи ман аз Австралия. Дар Тоҷикистон бошад: “А все говорят, вы всё равно через две недели убежите в свою Австралию” – мегӯяд хонуми бахши байналмилалии донишгоҳ, баъд аз он ки дафъаи дуввум коғазҳои маро бо фармони касе аз боло, хароб кардааст, то ман аз Тоҷикистон бигрезам. Шукр Худованди меҳрубонро, шаш моҳ мешавад, хоҳиши гурехтан аз ватанро то ҳол надорам, ҳатто баъд аз он, ки ин одамон коғазҳои маро дафъаи севввум хароб кардаанд ва, мана, ду моҳ мешавад, ки дар ватани худ “нелегал” шудаам. Олиме ба ватани худ баргаштааст ва уро “нелегал” кардаанд, аҷаб. Дирӯз милитсионере мехост ҳуҷҷатҳои маро тафтиш бикунад чун “ аз рӯи гапзаниам” ман шояд хориҷӣ бошам. Мани аҳмақ аз ӯ нишонии ОВИРро пурсидаам ва фаромӯш кардаам, ки ман нелегал шудаам.  “Ин гапзании ман ленинободист” — ӯро гиҷ мекунам – “афғонӣ нест”. “О ленинободиҳо дигар хел гап мезананд-ку?”. “О Ленинобод калон аст, лаҳҷаҳои ҳархела дорад, ин лаҳҷаи Ашт аст” – мегӯям ва фикр мекунам оё аштиҳо чӣ хел гап мезада бошанд? Дили баъзе аз ҳамкоронам аз донишгоҳ ба ман месӯзад ва бо забони гибридии хоси ин донишгоҳ ба ман мегӯянд “Ничего себе, ҳаминро мо совсем намефаҳмем, ки интересно ин чӣ хел шуд, ки шумо нелегал шуда мондед, шумо-ку тоҷиктар аз всех нас вместе взятых”.

“Бо нияте омадаам то ба мардуми худ хидмат бикунам” – мегӯям.  “Намехоҳам истеъдодам барои мардуми бегона масраф бишавад” – илова мекунам. “Донишу таҷорибе, ки солҳо дар донишгоҳҳои мухталифи дунё андӯхтаам, мехоҳам барои мардуми худ саҳмгузорӣ бикунам”. “Мо ҳеҷ чизи изофа талаб намекунем — маоши боло, квартира, мошин — мо ба хотири пул ёфтан ба ватан наомадаем”. “Мо мехоҳем қатори маърака бошем, қатори дигар муаллимони донишгоҳӣ”. Мегӯянд: “Э чанд бор ҳаминро гуфтед, бас будагист!”. Мушоҳида мекунам, ки одамон ин гапҳои маро ё намефаҳманд ва ё ҷиддӣ намегиранд. Хабардор мешавам, ки ба ман дар донишгоҳ лақаб мондаанд — “сумасшедший австралиец” – аҷаб. Бале, лақабе бо истифода аз ибораи русӣ, ки худаш шохиси табиъати моҷарост. Фикр мекунам, чаро ин тавр бошад? Оё дар Тоҷикистон касе дигар нест ва ё намондааст, ки ин гуна фикрҳоро бикунад ва ин гуна як миқдор суханҳои… чӣ  гӯям, суханҳои воло бигӯяд?

Ватан…Дӯст дорам, ки заминро зери пои худ эҳсос мекунам. Ин эҳсос дар ғарибӣ комилан вуҷуд надошт. Сӣ соли ғарибӣ, сӣ соле, ки дар зери поям заминеро эҳсос намекардаам, гӯё касе аз зери поям чизеро дур андохта буд. Эҳсоси муаллақӣ дар ҳаво, адами маънии шоистаи ҳаётӣ. Шиноварӣ дар баҳри Ҳеҷистон. Парвоз дар ягона равиши парвозии дастрас — дар фазои маҷозии интернет. Зиндагии маҷозӣ ва заъфи сареъи ҷисмониву ахоқиву ирфонӣ. Вақте, ки ҳамин оҳанги афғониро дар Youtube нигоҳ мекардам, гиряам меомад:

Дар ин сарои зиндагӣ, касе ба дар намезанад,

Ба дашти пурмалоли мо, паранда пар намезанад…

Зиндагии шабеҳи муш дар пушти экрани компютер. Дар гӯшаяки кишваре бегона, ки барош арзиши ту “сифр” аст — касе, ки набошӣ — олим ва ё уборшик. Дар ҷое дур аз мардуми худ, мардуме, ки барот тӯли ин ҳама солҳо бегона шудаанд, ва ту ҳам барои онҳо бегона шудаӣ. Ва аммо ту инро пай намебарӣ. Кибру ғурур ва тарғиботи ғарбиҳо зеҳни туро тира кардааст. Фикр мекунӣ, чун ту ин қадар “крутой” астӣ, ки ин ғарбиҳо туро ба донишгоҳи худ даъват кардаанд, пас ту метавонӣ миллати худатро қазоват бикунӣ, онҳоро ақибмонда пиндорӣ ва ҳатто ба онҳо роҳ нишон бидиҳӣ.  Бехабар аз он, ки ин худи ту ҳастӣ, ки раҳнамоиеро шадидан лозим дорӣ.

Бародари аҳли тасаввуф, оқои Томири Дақидии мисрӣ буд, ки маро ҳушдор зада буд: “Ту фикр накун, ки ту профессор ҳастӣ ва ҳама чиз зери поят аст, ба худат як назар бикун, ту ҳеҷ ҳастӣ. Бирав аз одамони рустоят зиндагиро биёмӯз”. Дӯст дорам, ки рустои зодгоҳиам Сӯр ҳамагӣ 15 дулор аз Душанбе фосила дорад ва дар он ҷо рафиқони бомаърифату фарҳангии ман хеле зиёданд ва аз онҳо ман дарси зиндагӣ меомӯзам. Баъзе вақтҳо хоҳише пайдо мешавад, ки биравам қишлоқ ва як-ду сол ба корҳои соддатаре худамро банд бикунам – рӯёндани сабзавот, ҷорӯб задани масҷиди маҳалла, чӣ орзӯи зебо. Оё мерасида бошам рӯзе? Ҳозир-ку, бо ин ҳоли нелегалӣ куҷо метавонӣ биравӣ? Сюрреализм.

Дӯст дорам, ки дар ватан ҳузури мардумро эҳсос мекунам ва набзи шаҳрро ламс мекунам. Чеҳраҳои шинос ва худӣ дар гирду атроф ба зеҳну рӯҳи ман оромӣ мебахшанд ва мегӯянд “хаёлат роҳат бошад, дар байни худиҳо ҳастӣ, ҷои нигароние нест”. Сӯҳбат бо одамон осону дилнишину гуворост, чун ҳарфҳоят аз даҳон ба таври табиъӣ ва бидуни талош ҷорӣ мешаваду бе ҳеҷ машаққате таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон мегардад. Забони баданият, ки ҳамсони мардуми гирду атроф аст ба муошират роҳати дигар мебахшад. Ҳамин даст бар болои сина монда саломгӯии мо тоҷикҳо чӣ зебост.

Дӯст дорам, вақте дар кӯчаҳо қадам мезанам, аз худам нороҳат намешавам ва аз раҳгузарон ҳам ибо намекунам. Дар кишваре бегона ту ҳамеша як миқдор эҳсоси нигаронӣ дорӣ, ки мабодо ин раҳгузарон эҳсоси туро озор надиҳанд, гапе бизананд, ки рӯзатро хароб бикунад. Саволи дӯстдоштаи эшон, манзурам асосан ғарбиҳост, “Шумо аз куҷо мешавед?” аст. Мегӯӣ “Тоҷикистон”. “Тогигистон?”. “Таҷакистон?”. “Ин чӣ аст?”. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки талаффузи номи кишварам ин қадар мушкил будааст. “Кай ба Тагакистони худ бармегардед?” – ин саволи баъдӣ ҳатмист. “Оё шумо Австралияро дӯст медоред?” – саволи севвумӣ ҳам ҳатмист ва оҳангаш асосан таҳдидомез аст, мабодо-ку ҷавоби манфӣ бидиҳӣ, очаи зоратро нишон медиҳанд. Зиёд мебинӣ, ки дар мошинҳояшон дар зери нигораи дирафши миллии Австралия навишторе доранд: If you don’t like it, leave it! – “Агар онро дӯст надорӣ — дафъ шав!”. Ана акнун, бубинед, ҳамчун мусалмон, метавонӣ кишваре ғарбиро бечунучаро дӯст дорӣ? Ва агар на, чӣ бояд бикунӣ? Посух ҳамчун рӯз рӯшан аст.

Сӣ соли зиндагии доимӣ берун аз Тоҷикистон, ва аммо эҳсосе дорӣ, ки ҳеҷ гоҳ ин сарзаминро тарк накардаӣ. Ва мардум ҳам туро бегона намегиранд. “Нос дорӣ, ака? – мепурсад ин акам, ва кафи дасташро назди даҳон бурда ишора мекунад, чун мебинад, ки ман як миқдор саргум задаам. “Не…, нос намекашам” мегӯяму ханда мекунам. Дар маршрутка кӯдаке даст ба ман дароз мекунад “Амаки…”, яъне маро ба бағалат бигир. Падараш ханда мекунад “Чеҳраи Шумо ранги амакиш аст”.  Фавран шаҳри бегонаро ба ёд меорам, ки дар он ҷо кӯдакон аз ту ба ҳарос меафатанду саъй мекунанд сарашонро дар бағали падар пинҳон бикунанд. Чеҳраи ту шабеҳи он ҳама қаҳрамонони манфии телевизиюнҳои онҳо аст, ки пур аз террористҳост.

Ҳувияти тоҷикӣ ва муҳаббат ба забону фарҳангамро ҳамеша бо худ барқарор нигаҳ медоштаам —  мисли зиёд муҳоҷирони имрӯзаи мо. Фикри баргаштан ба ватан дар як гӯшаи дурдасти зеҳнам ҳам ҳамеша ҳузур дошт – албатта ба мисли як нақшаи дур ва камэҳтимол. Ва аммо ноогоҳона аз худам, пиёдашавии ин нақша як даҳ сол қабл аз ин шурӯъ шуда будааст. Қабл аз ҳама аз лиҳози идеологӣ. Идроки он мавзӯъ, ки мардуми ту, фарҳанги ту ва аз ҳама муҳим — дини ту аз дигарон боло ҳаст-ку кам нест. Ба ин хулоса зиндагии тӯлонӣ дар байни ғарбиҳо ва иртиботи наздики корӣ ва рафиқӣ бо эшон расонида буд. Вақте, ки аз наздик мебинӣ, ки онҳо кӣ ҳастанд ва фарҳангашон чист.

Забони форсиам ва иртиботи рафиқиву корӣ бо афғониҳову эрониҳо, ин ҳама боз як ангезаи ҷиддии дигар бар зеҳни ман буд, то болои ҳувиятам ва маънои зиндагиям фикр бикунам. Шиносоӣ бо расонаҳои форсизабон ва афкору ақидаҳои онҳо маро моту маҳбут мекард, ки чӣ қадар ин эрониҳо ва ин афғониҳо як эҳсоси пур аз ифтихор роҷеъ ба қавмашон, фарҳангашон ва динашон доранд, чӣ қадар ватани хешро дуст доранд. Забони форсии эшон чӣ қадар фасеҳ, нирӯманд ва корист. Медидам, ки мана ин як духтараки 12-солаи афғонӣ аз як рустои дурдасти Афғонистан, чӣ қадар хуб ба форсӣ аз тариқи телевизиюн сухан мекунад, афкорашро чӣ қадар осон, рӯшан ва дақиқ баён мекунад. Бовар кунед, вақте мебинӣ, ҳатто баъзе аз шоирону нависандагони тоҷики мо наметавонанд мисли ҳамин як кӯдак афкорашонро баён бикунанд, шарм андар шарм медорӣ. Фикр мекунӣ, ба мо тоҷикҳо чӣ шуда бошад, худоё?

Таваҷҷуҳи бештар ба расонаҳои форсиву арабӣ маро ба кашфи олами наве бирасонд, ки то он вақт нодида мегирифтам – оламе ногаҳон шинос ва худӣ. Ҳамон як мушкилиҳо, ҳамон як дарду ҳасрат ва ҳамон як дастовардҳо. Ҳамон як қиёфа, ҳамон як рафтору гуфтор, ҳамон як хӯроку оҳангу суннат ва қабл аз ҳама ҳамон як дину фарҳанг. Ин ҳама меҳвари зеҳнии маро аз Ғарб ба Шарқ кӯчонд — ғарбзада будем, мусалмонмеҳвар шудем. Ва шукр Худои Азза ва Ҷалларо барои раҳнамоӣ ва мағфират. Пас аз сӣ соли дурӣ аз Ислом ва сабки ҳаётии ғарбӣ, аниқтараш, кофирӣ, мағфирати Худойро бубинед. Албатта то ҳол имони ман комил нест ва қодири пурра ба ҷо овардани суннатҳои мусалмонии худро нестам аммо ҳис мекунам, ки дар роҳе ҳастам сирот-ул-мустақим, иншооллоҳ.

Бозгашт ба Ислом ин бозгашт ба инсон будан будааст – бовар кунед инро ман бо тамоми ҳастии худ амиқ эҳсос кардаам. Тӯли зиндагиам дар байни русҳову ғарбиҳо ба ҳайвоне табдил ёфта будам, пур аз кибру ғурур ва худбинӣ. Намозгузориҳои аввалинам буд, ки гузаштагонро ба ёд меовардаму барошон дуо мекардам ва дар дилам эҳсоси дилтангиву пазмонӣ нисбати зиндаҳо — бастагони худ дар русто пайдо мешуд, нисбати падар, бародар ва хоҳарон. Ва дертар ба зеҳнат мезад, ки “О, ман тағоибаччаву холабачча ҳам дорам-ку, рафиқони мактабӣ, дӯстони маҳалла…”. Вақте, ки аз тариқи Viber бо хоҳарам Сабза гап мезадам, ӯ ҳамчун як зани мусалмони худотарс, отуни қишлоқ, ҳолати маро хеле хуб тавсиф карда буд: ‘Худо дилатро мулоим кардааст, додаракам, муборак бошад”.

Моҳи январи соли гузашта буд, ба рафиқи донишмандам оқои Фаромарзи Рустамӣ аз Диношгоҳи Гунбади Ковӯс тилфон кардам ва гуфтам, қабл аз баргаштан ба Тоҷикистон мехоҳам як-ду сол дар Эрон кор бикунам, чун як миқдор ҳарос дорам, ки дар Тоҷикистон ҳолам чӣ мешуда бошад. Ман ки дар ватан қаблан на таҳсил кардаам ва на кор. Ӯ гуфт дар Эрон рақобат дар донишгоҳҳо хеле шадид шудааст, чун донишгоҳҳои Эрон донишҷӯҳоро хеле хуб тайёр карда истодаанд ва ҷавонони боистеъдоди зиёд ба илм рехта истодаанд. Ӯ гуфт гузинаҳои беҳтар Покистон ва ё Афғонистон аст, чун дар он ҷо забони илм ингилисист ва ту бе мушкилӣ метавонӣ дар он кишварҳо кори илмиатро идома бидиҳӣ. Ва баъд каме истоду… гуфт: “Э бобо, бирав ватанат, Тоҷикистон бирав, мустақим, бе ҳеҷ андеша, ҳамон ҷо бирав! Мебинам, ки барои бозгашт пурра омода ҳастӣ. Ту, ки дар байни бегонаҳо худатро гум накардӣ, дар байни мардуми худат ҳам ҷоятро пайдо мекунӣ, иншоолоҳ”. Ин суханҳо буд, ки тасмими бозгашт ба ватан мисли барқ зеҳни маро убур кард…

Ва инак мо ин ҷо ҳастем, дар ватан. Алҳамдулиллоҳ. Муътақидам, ин беҳтарин тасмими ҳаётии ман будааст. Бозгашт ба ватанро муҳимтарин марҳилаи ҳаётии худ меҳисобам. Иншооллоҳ, ки ҳеҷ як мушкиливу монеъаҳо қодир нест, ки маро аз ватан гурезонад. Баръакс, аз азобе, ки беш аз шаш моҳ мекашам, розӣ ҳастам, чун ин мушкилиҳо буданд, маро тоҷиктар, имони маро қавитар ва муҳаббати маро нисбати сарзаминам ва мардумам бештар гардонидааст. Баччаҳаки китобфурӯше аст, номаш Абубакр, дар масҷиди Ҳаёти Нав, бачаи 25-сола, тахминан ҳамсоли духтари ман аст. Беҳтарин ақидаро дирӯз ҳамин баччаҳаки наҷиб ба ман изҳор карда буд. “Вақте, ки Худо ба мо неъмат ато мекунад, мо мегӯем “Шукр” ва сар хам мекунем”. “Вақте, ки Худо ба сари мо мушкилиҳо меоварад, мо мегӯем “Ҳикмат” ва боз ҳам сар хам мекунем”. “Ҳамин аст тариқати мусалмонӣ — таслим будан”. “Худо мушкилиҳоро бар сари одамони ҳалол меоварад, то имони онҳоро қавитар гардонад”. Ҳар вақте, ки мебинам ин баччаҳак истодааст, наздаш меравам ва аз ӯ ҳикмати зиндагӣ меомӯзам.

Дӯст дорам мардуми наҷибу хушгилу фарҳангии ватанро. Беҳтарин мардуми дунё. Дӯст дорам ҳавои ватанро. Дар ягон ҷои дунё ин қадар роҳат ва ширин хоб намекардам. Нафас кашиданро дуст дорам. Дӯст дорам бӯи ватанро, бӯе, ки хотироти баччагии маро бармеангезад ва имрӯзу гузаштаи маро мепайвандаду шахсияти маро комилтар мекунад. Дӯст дорам ранги баргҳои рустаниҳоро, ки ин қадар сабзи сабз ва дурахшон аст. Табиати ватан манзараи афсонавиеро мемонад. Дӯст дорам борони ватанро, ҳамин гуна якмаром ва ширин-ширин бориданашро. Ба қавли шоире:

Мезанад борон ба шиша,

Қатра-қатра, ришта-ришта,

Сарнавиштам нонавишта…

Бознашр аз:

“Нигоҳ” №5 (488). Чоршанбе, 6-уми апрели соли 2016

Тоҷнюз: http://www.tojnews.org/tj/news/abdusalom-odinazoda-charo-ba-tochikiston-bargashtam

Оставьте комментарий