Ҳизби исломӣ

Ҳизби наҳзати исломӣ, ман баъзе чизҳоро роҷеъ ба ин ҳизб намефаҳмам. Масалан намефаҳмам, ки тасаввуроти ин ҳизб дар бораи ояндаи Тоҷикистон воқеъан чӣ аст. Аҳдофи ин ҳизбро дар Википедиа мехонем: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ”. Суханҳо зебо ҳастанд аммо рӯшан нест, ки ин ҳизб дақиқан чӣ мехоҳад. Паёмҳои ин ҳизб аз паёмҳои мақомот дар ибҳом фарқи зиёд надорад. Оё мешавад гуфт, ки ин ҳизб воқеъан ҳам исломгарост? Намедонам. Ҳаминашро мебинам, ки ин ҳизб минбарҳои аврупоиёнро дӯст дорад ва пуштибонии аврупоиҳоро дунболгирӣ мекунад. Аврупоиёне, ки исломгароёнро бад мебинанд ва аз онҳо метарсанд.

Ба назар мерасад, ки ин ҳизб фаъъолияти худашро дар чаҳорчӯби ниҳодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии дохилӣ ва байналмилалии побарҷо мебинад, аммо, бубинед, ин ҳама ниҳодҳо сохтаи аврупоиҳо ва ё русҳо аст ва созгору муносиб барои ислом ва мусалмонон нест, чаро, ки сабзшуда аз решаи фарҳангии насронии аврупоиён аст. Яъне барои исломгароёни воқеъӣ дар ин ниҳодҳо ҷойгоҳе вуҷуд надорад ва агар шуморо ин ниҳодҳо пазируфт, пас шумо бо эҳтимолияти бузург “исломӣ” нестед.

Торихи навини ақвоми мусалмон, ба вежа аҳли суннат, дарси зиёдеро барои мо фароҳам овардааст ва мутмаъин нестам, ки оё зарфияти зеҳнии Ҳизби наҳзати исломӣ басанда аст, ки ин ҳама дарсҳоро аз худ бикунад ва фурӯдошти судмандеро барои худаш ба даст оварад. Ин ҷои мехоҳам тақдири ду ҳизби дигари олами исломро ёдрас бикунам — яке Ҷабҳаи наҷоти исломии Алҷазоир ва дигаре Ихвон-ул-муслимини Миср. Ҳардуи ин аҳзоб дар чаҳорчӯби қонун барандаи гузиниши полумонӣ дар кишварҳои худашон шуда буданд ва дар Миср ҳатто сандалии раисҷумҳурро ҳам ба даст оварда буданд. Ҳаводиси Алҷазоир солҳои 1991 ба вуқӯъ пайваста буд ва ҳаводиси Миср бошад, чӣ тавре ки ҳама медонем, дирӯзакак буд. Дар Алҷазоир, ғолибияти ҳизби исломӣ ғарбиҳоро хеле тарсонда буд, ба вежа фаронсавиёнро, ва бо талаби онҳо раисҷумҳури вақти Алҷазоир порлумонро лағв карда буд. Ин иқдоми ғарбиҳо дар Алҷазоир ҷанги шаҳрвандии шадидеро оғоз карда буд ва тӯли якчанд сол садҳо ҳазор бародар ва хоҳарҳои мусалмони мо дар Алҷазоир ба ҳалокат расида буданд. Ҷузъиёти ҳаводиси Мисрро мо ҳама хуб медонем. Яъне бубинед, ин системаи сиёсӣ ва иҷтомоии дар кишварҳои мо роҳандозишуда, ислом ва исломгароиро намепазирад, чун аз бех бегона аст ва дар зери кунтроли ғарбиҳо ва ё русҳо қарор дорад. Аҳзоби воқеъан исломӣ ё умуман наметавонанд дар гузинишҳо иштирок бикунанд ва ё агар иштирок кунанду ғолиб ҳам бароянд, онҳоро ситемаи байналмилалии побарҷо намгузорад кор бикунанд. Албатта агар ин аҳзоби исломӣ дар “чаҳорчӯби қонун”-и аз тарафи аврупоиҳо таҳмил дода шуда фаъъолият кунанду соддалавҳона бовар кунанд, ки бо ин роҳ мешавад ба аҳдофи “исломии” худ бирасанд.

Оставьте комментарий