Забони гуфтугӯии расмии тоҷикӣ

Салом ҳамшаҳриёни гиромӣ.

Дар ин ҷи ман сиёҳнависи пружаи забони гуфтугӯии расмии тоҷикиро барои ҳамшаҳриёни азиз пешниҳод мекунам. Дар ҷумалоти баъдӣ ман ҳамон сабки гуфтугӯии пешниҳодиро дар навиштори худ истифода хоҳам бурд, то барои дӯстон рӯшантар бишавад, ки манзури ман дар ин ҷо чӣ аст. Он чӣ, ки ман дар поён меорам, афкори шахсии худи банда аст ва як пешандешае ҳам аст. Мумкин аст, ки афкори ман то ҳадде хом ва каҷ ҳам бошад. Ман ин ҷо ба ҳеҷ сурат даъво надорам, ки соҳиби ҳақиқати мутлақ ҳам астам. Ҳар эрод, танқид ва даъвое, ке пеш меояд, истиқбол хоҳам кард. Инак, рафтем.

Як бори дига салом арз мекунум хидмати дӯсто. Чӣ тӯре, ки дар вӣдӣюи дар пойӣн овадрда шуда аз тарафи банда қаблан гӯшзад шуда бӯд, мо тоҷӣко, ба фикри банда, забони корӣйи гуфтугӯӣи расмӣ надорем. Истифода аз забони килосикӣи форсӣ барои суҳбатои рӯзмарра барои мардум хеле мушкил меуфта ва ин забони килосикӣ бояд як миқдор соддатар талаффуз карда биша, то истифода аз он корӣтар ва роҳаттар боша. Барои роҳаттар суҳбат кардан бо забони адабӣ, ниёзе ба тӯри куллӣ дигаргун кардани забони килосикӣ нест.Тамоми равишои ҷумласозӣи забони килосикӣи форсӣ бар ҷой мемона. Танҳо чанд феъл ва чанд пасванд кӯтоҳтар ва соддатар талаффуз меша. Дар натиҷа, бовар кунен, гапзанӣ бо забони тоҷӣкӣ бамаротиб осонтар меша. Лутфан ба гапзании ман дар вӣдӣю таваҷҷуҳ бикунен. Баром ин тарзи гапзанӣ хеле ва хеле осон ва роҳат аст ва, қабл аз ҳама, бо ин забон ман метонум бо ҳамзабонои эронӣ ва афғонии худ озодона ҳамсуҳбат бишум, бидуни баромадан аз чаҳорчӯби талаффузи худи тоҷикӣ. Албатта мутаваҷҷеҳ шудум, ки баъзе аз ҳамшаҳриён то ҳол мӯътақиданд гӯё ман тоҷӣк набошам, аммо агар бодиққаттар мутаваҷҷеҳ бишен, мебинен, ки забони ман ҳамон забони тоҷикӣи худамон аст, фақат бо оҳанге як миқдор адабӣтар. Ҳамчунон, афғониҳо ва эрониҳо ҳам ҳеҷ гоҳ гӯл намхуранд, ва аз тарзи гапзании ман мебинанд, ки ман на афғонӣ ҳастам ва на эронӣ. Инак, ҳамагӣ як майдаҳак тағйироте, ки забони гуфтугӯӣи мора ба тӯри ҷиддӣ осонтар мекуна, ино астанд.

(Таваҷҷуҳ: дар боло ман қасдан ҳарфи “ӣ”-ра дар ҳама ҷое, ки “и”-и дароз ҳаст мондум, ҳатто дар васати вожаҳо, то ба хонанда рӯшан биша, ки он “и” дароз талаффуз биша, чун хатти кирилликӣ, ки аз забони русӣ маншаъ мегӣра, ин гӯна чизора намебина. Ҳамчунон ман ҳарфи ’ӯ’-ра ҳам ҳамин тӯр ба ҳамаи вожаҳое, ки ’у’-и дароз доранд, истифода бурдам, ба монанди “бӯд” ва ’гӯна”, то барои хонанда рӯшан биша, ки ҳамин овозора дар ин вожаҳо дароз талаффуз бикуна.)

  1. Феълҳое, ки зиёд истифода мешан, метонан ихтисоран талаффуз бишан. Махсусан феълҳои зерин.

Феъли “шудан”.

мешум мешем
мешӣ мешен
меша мешан
бишум бишем
бишӣ бишен
биша бишан
шум (шавам) шем (шавем)
шӣ (шавӣ) шен (шавед)
ша (шавад) шан (шаванд)

Феъли “рафтан”

 

мерум мерем
мерӣ мерен
мера меран
бирум бирем
бирӣ бирен
бира биран
равум равем
равӣ равен
рава раван

Феъли “тавонистан

метонум метонем
метонӣ метонен
метона метонан

Феъли “хостан

 

мехом мехоҳем
мехой мехоҳен
мехоҳа мехоҳан
  1. Пасвандҳои “-ҳо” ва “он” бояд соддатар “о” талаффуз бишан. Баъд аз овозҳои садодор “ё” ва ы “ҳо” бояд талаффуз биша.

 

дӯсто

ҳамшаҳриё (ё ҳамшаҳриҳо)

тоҷӣко

рафиқо

ва ғайра

 

  1. Ба ҷо “онҳо” “уно” бигӯем.

 

  1. Пасванди “ро” ҳамчун “ра” талаффуз биша:

худамра

китобамра

мора

дунёра

ҳамшаҳриёра (ҳамшаҳриҳоро)

 

Ҳамин аст дигар. Тамом. Як тагйироти кӯчак, ва забон хеле осонгӯ меша.

Лутфан ба гӯйиши ман дар ин вӣдӣю таваҷҷуҳ бикунен.

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон дӯстои азиз.

Оставьте комментарий