Ватан маънои зиндагӣ аст

(Барои ёддоштҳои қаблӣ лутфан ин ҷо ангушт бизанед: Ёддоштҳои қаблӣ)

Худи ҳозир бо рафиқи хеле хуби фейсбукиам гап мезадам, ки суол кард : “Чӣ хел дунёи мутамаддинро монда ба гӯристон омада будед?”. Манзураш бо гуфтани “гӯристон” “Тоҷикистон” буд ва «дунёи мутамаддин” барои ӯ албатта “Ғарб” аст. Ин гуна суолҳоро дӯстон зиёд медиҳанд ва эшон мехоҳанд бифаҳманд, оё ман пушаймон нестам, ки ба Тоҷикистон баргашта будам ва ин қадар азоб кашидаам. Посух ин ҷо рӯшан ва қатъист – На хайр, ҳеҷ гоҳ. Як сония ҳам эҳсоси пушаймонӣ дар қалби ман вуҷуд надошта ва нест. Мӯътақидам, бурди ман аз бохтам ба маротиб бештар аст. Раҳмат, ватани азиз ва ширин.

Қабл аз ҳама ватани азизам Тоҷикистон ба ман маънои зиндагии ҷадидеро ато кардааст ва рӯҳи маро, ки тӯли ин ҳама солҳои зиндагӣ дар миёни русҳо ва ғарбиён он қадар камрангу заъифу зард шуда буд, бо як энержии фавқулъоддае пур кардаасту чароғи уммед ва зиндагиро дар қалби ман аз сари нав рӯшан ва пурнур сохтааст. Ҳувияти шахсӣ, қавмӣ, фарҳангӣ ва динии ман дар вуҷуди ман барқарор ва мустаҳкам шудааст. Иродаи ман нирӯмандтар шудааст ва имони ман, ба хости худованди мутаъол, бештар шудааст. Эътимод ба худам, фарҳангам, қавмам ва динам болотар рафтааст ва ҷутъати ман дар иртибот бо мардуми ғайр зиёдтар шудааст. Дирӯз рафиқҳои русиам аз ҳамсӯҳбатӣ бо ман ба таҳлука уфтода буданд ва сарраввал ман як миқдор эҳсоси гуноҳ доштам, ки чаро онҳо, аз чӣ бошад, ранҷидаанд. Дертар ба зеҳнам зад, ки тасваввуроти онҳо дар бораи мо тоҷикҳо куллан мутафовит аз он чӣ ман ҳастам, будааст. Шахсияти маро онҳо бо ҳеҷ ваҷҳ ба он чаҳорчӯби тасаввуроти худ роҷеъ ба тоҷикҳо, ки асосан “ҷумшудӣ” аст, натавонистаанд биғунҷонанд. Эҳсоси нороҳатии эшон, фикр мекунам, ҳамин будааст.

Чизи дуввум он сарвати бебаҳоест, ки ман тӯли ҳамин як соли моҷарои гушношунид, ба даст овардаам — сарвате, ки наметавон бо пул бихаридаш. Ин сарват дӯстони ман астанд, дӯстоне, ки дар ватан дар ҳаёти воқеъӣ пайдошон кардаам ва дӯстоне, ки дар фазои маҷозӣ омадаанд ва ба ман дасти дӯстӣ, кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардаанд. Ҳатто он одамоне, ки дар Донишгоҳи тиббӣ маро тӯли ин шаш моҳ азоб додаанд ва гузашта аз он ба ин иқдоми, фикр мекунам, аҳмақона даст задаанду сабаби аз Тоҷикистон депорт шудани ман шуданд — ҳамаи он ашхосро то ҳол дӯсташон медорам ва онҳоро гунаҳкор ҳам намедонам. Онҳоро қурбонии системаи фарҳангии дар Тоҷикистон роиҷшуда медонам — системае, ки дар он ришвахорӣ, тақаллубкорӣ, дуздӣ, дурӯғгӯӣ ва фиребкорӣ ба сурати маъмулӣ даромадааст ва мардум муътақиданд, ҳамин фарҳанг худаш бар сари худаш “дуруст” аст ва дигар фарҳанге, ки мутобиқи зиндагии онҳо бошад, вуҷуд надорад. Мардум бо ин фарҳанг хӯ гирифтаанд ва одат кардаанд, дар доираи ҳамин фарҳанг кор ва зиндагӣ бикунанд.

Баром аён буд, он одамҳое, ки ба ман он ҳама масхарабозиҳоро раво медиданд, аз ман ҳам дида зиёдтар азоб мекашиданд — азобе рӯҳӣ, равонӣ ва виҷдонӣ. Ба онҳо раҳмам меомад. Медидам, ки онҳо ҳама чӣ қадар тарсу ва заъифанд. Аммо, аз тарафи дигар, наметавонистам кӯмакашон бикунам, наметавонистам аз принсипҳои худ даст бикашам. Хатти қирмизӣ барои ман он буд, ки ҳеҷ гоҳ набояд пули ҳароме аз ягон ҷо бигирам. Мо мусалмонҳо бояд ҳалол пул ёбем ва ҳалол сарф бикунем. Принсипи мо ҳамин гуна содда аст. Худи ҳолати хароби рӯҳии ин одамҳо барои ман дарси ибрат буд. Медидам, ки дар умқи қалбашон онҳо одамоне ҳастанд, наҷиб, аммо шояд оҳиста-оҳиста ба ин баҳри ришвахорӣ ва дуздӣ худашонро ғарқ кунондаанд ва дигар тавони баромадан аз ин баҳри пур аз балоро надоранд. Акнун барои зинда мондан бояд ҳарчӣ бештар ва ҳарчӣ зиёдтар корҳои зиштро анҷом бидиҳанд. Васвасаи шайтонӣ ҳамин аст, аз тариқи спирале шуморо доми худаш фурӯ мебарад. Хеле барошон мутаасифам ва раҳмам меояд. Воқеъан фоҷеъа аст.

Аз ин лиҳоз, бори дигар таъкид мекунам, пушаймон нестам, ки як миқдор ҳаёти ман дар ватан гузаштааст. Соли гузашта, ҳамин рӯз буд, 20-уми сентябр, ки ман охирин лоқу пари опортумони худро фурӯхта будам, мошини худро ҳам фурӯхта будам ва буду шуди худро аз як опртумони чаҳор-утоқа дар маркази шаҳри зебои Перти Австролиё, ба як чамадони маъмулӣ кам карда будам. Дар дилам эҳсоси қаноатмандӣ ва ифтихор нисбати худам ҷилвагар буд, ки ҷуръат карда будам ба ин иқдоми ҷиддӣ даст задаам — иқдоми даст кашидан аз ҳаёти осоишта ва равона шудан ба самти ватан. Бо як рӯҳи болида ва дили саршор аз умеду орзӯи ширин озими ватан шуда будам.

Алон нишастаам дар ин нимароҳ бо ҳамин чамадоне, ки на зиёд шуд ва на кам, бо тафовут аз ҳисоби бонкиам, ки тағйироти қатъиеро аз сар гузаронид ва дигар бо ҳамаи он кортҳои зебояш, кор намекунад ва фаъъол нест. Нишастаам ин ҷо ва ба самти баръакс равона астам. Сарам гиҷ ва шулӯғ аст. Худамро ба худо ҳавола кардаам. Ӯ ҳарчӣ хост, бигзор бишавад. Худо худаш раҳнамои муслимин аст. Мебинам, ки чӣ қадар ҳамдилони зиёдеро дар байни ҳамватанони азизи худ дорам. Шербачаҳое, ки ба инсоф ва ҳақиқат бовар доранд, шербачаҳои шуҷоъе, ки риск мекунанду мубориза мебаранд, шербачаҳое, ки ба хотири ислом ва миллат ҳатто ҷони худро дареғ намедоранд. Мо дар хидмат ҳастем баччаҳо, агар кӯмаке аз тарафи мо барин одамҳо лозим шуда монaд, шарм накунед, лутфан муроҷиъа бикунед. Мо қавитарем чун худи худо бо мост. Иншооллоҳ ва Аллоҳу Акбар.

Ёддоштҳои қаблӣ

 

Один ответ на “Ватан маънои зиндагӣ аст

Оставьте комментарий